Sebiston new 2024 october
Плеврит: чаро шуш об мегирад?
2725

 

Падарам чанд вақт боз нотобанд. Мегӯянд, ки шушҳояшон об гирифтааст. Ҳайронам, ки дар шуши одам об аз куҷо пайдо мешавад. Мегуфтед, ки сабаби об гирифтани шуш дар чист ва ин беморӣ чи ном дорад? Умуман, барои халосӣ аз ин дард чи кор кардан лозим аст?

Саидаҳтам аз н. Восеъ

Барои ба саволи Саидаҳтам ва дигар муштариёнамон дар боби сабабҳои ҷамъ шудани об дар шуш посухи дақиқ гирифтан мо ба муттахассиси ин соҳа, Аълочии тандурустии Тоҷикистон, табиби пулманологи МДМТШ № 5 ба номи академик Камил Точиев- Ғафоров Маҳмудҷон Сатрович ҳамсӯҳбат гаштем.

-Ибораи “шуши фалонӣ об гирифтааст”-ро аз забони шиносу ношинос борҳо шунидаем. Мегуфтед, ки об дар шуши инсон аз куҷо пайдо мешавад?

-Беморие, ки шумо дар назар доред, дар илми тиб онро плеврит меноманд. Плеврит чист? Плеврит гуфта, илтиҳоби пардаи луобии шушро дар назар доранд. Шуши инсон аз ду нима иборат буда, дар қафаси сина аз ду тараф ҷойгир аст ва бо пардаи луобӣ пӯшонида шудааст. Дар қабати ҳамин пардаи луобӣ, ки онро плевра меноманд, аниқтараш дар байни нимаҳои шуш ва пардаи луобӣ холигие ҳаст, ки онро “плевральная полость” мегӯянд. Дар он як миқдори муаяни моеъ вуҷуд дорад, ки барои ҳаракати бонизоми шуш ҳангоми нафаскашии инсон зарур аст. Вақте ки пардаи луобии шуш ба илтиҳоб гирифтор гашт, коркарди ҳамин моеъ хеле зиёд шуда, он аз қабати пардаи луобӣ ба таври зарурӣ хориҷ намешавад. Дар натиҷа аз миқдори зарури зиёд моеъ ҷамъ шуда, кас ба плеврит гирифтор мегардад.

-Сабаби ҷамъ шудани моеъ дар пардаи луоби шуш ва ба плеврит гирифтор шудани инсон дар чист?

-Плеврит худ аз худ пайдо намешавад. Сабабҳо асосии ба плеврит гирифтор шудани инсон илтихоби худи пардаи плевра, илтиҳоби бофтаҳои шушҳо, бемории сил , саратон, зуком, оризаҳои бемориҳои дилу рагҳо, диабети канд мебошад. Баъзан бар асари касалиҳои дигар, аз ҷумла бемориҳои сироятӣ, ревмотологӣ, зарб хӯрдани қафаси сина ва шушҳо низ кас ба плеврит гирифтор мешавад. Вобаста ба сабаби беморӣ намудҳои плеврит низ гуногун мешаванд, масалан плеврити сироятӣ, плеврити ғайри сироятӣ, плеврити табиаташ номаълум ва ғайра. Тибқи маълумотҳои оморӣ бештар мардони синну солашон калон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд.

-Беморӣ чи қадар давом мекунад?

-Плеврити шадид (острый плеврит) аз 4 то 6 ҳафта тӯл кашида, хеле вазнин мегузарад. Беморӣ чандон пуршиддат набошад, метавонад аз 6 ҳафта то 6 моҳ тӯл кашад, вале беморро зиёд нороҳат насозад. Плеврити мунзим (хронический плеврит) аз 6 моҳ бештар низ идома ёфта метавонад.

-Аз рӯйи кадом нишонаҳо ба плеврит гирифтор будани шахсро фаҳмидан мумкин аст?

-Аломатҳои бемориҳои шуш ба ҳамдигар хеле монанданд ва онҳоро фарқ кардан душвор аст, вале аз рӯйи баъзе нишонаҳо маҳз ба плеврит гирифтор шудани шахсро фаҳмидан имконпазир аст.

1. Дарди сахти халамонанд дар қисмати пеши қафаси сина, ки ба гардан ва кифт низ мегузарад. Дард ҳангоми нафаси чуқур кашидан, хандидан ва ё ба тарафи солими шуш хам шудан сахттар шуда, бемор гумон мекунад, ки аз зӯрии дард нафасаш дарун мезанад.

2. Сулфаи хушки кӯтоҳ, ки бар асари ҳассосияти плевра сар мезанад.

3. Баланд шудани ҳарорати бадан ва табларза

4. Камқувватӣ, беиштиҳоӣ, дарди сар ва сустҳаракатӣ

5. Ҳангоми бо даст зер кардан дар ҳамон қисмати плевра, ки моеъ ҷамъ шудааст, дарди шадид пайдо шуда, бемор бетоқат мешавад.

Инҳо нишонаҳое буданд, ки зимни плеврити нисбатан сабук ба назар мерасанд. Беморӣ кӯҳна шудан гирад, нишонаҳояш низ шадидтар мешаванд. Аломатҳои зерин аз он шаҳодат медиҳанд, ки беморӣ кӯҳна шуда, дар шушҳо аллакай миқдори зиёди моеъ ҷамъ шудааст:

  1. Вазнинӣ ва дард дар як нимаи қафаси сина, яъне дар ҳамон нимае, ки мубталои бемории плеврит гаштааст.
  2. Торафт душвор шудани нафаскашӣ ва эҳсоси нафастангӣ.
  3. Цианоз, акроцианоз, варам кардани рагҳои гардан.
  4. Бемадорӣ, табларза ва бошиддат арақ кардани бемор.
  5. Сулфаи хушки дурудароз
  6. Ҳангоми бо даст палмосидан васеъшавӣ ва дам кардани мавзеъи байни қабурғаҳо ба мушоҳида мерасад. Варамро дар қисмати мубталои плеврит гашта баръало мушоҳида кардан мумкин аст.

-Ҷамъ шудани моеъ дар қабати пардаи луобии шуш ба дигар узвҳо низ таъсир мерасонад?

-Албатта таъсир мерасонад ва баъзан таъсири хеле сахту шадид. Якбора ба миқдори зиёд ҷамъ шудани моеъ дар пардаи луобии шуш махсусан ба кори дил таъсири ногувор расонида, метавонад боиси вайрон шудани низоми кори дил ва ҳатто норасоии кори дил ва рагҳои хунгарди он гардад, бинобар ин, ба ин беморӣ хеле ҷиддӣ муносибат намуда, сари вақт аз паси ташхис ва табобат шудан лозим аст.

-Плевритро дар хона табобат карда мешавад?

-Барангезандагони асосии плеврит вирус ва бактериҳо мебошанд. Аз ҷумла стафилококк, пневмококк, микобактерия, трепонема, бруцелла, ҳамчунин вирусҳои герпес, грипп, мағораҳои кандидоз, бластомикоз, кокцидиомикоз ва эхинококкҳо метавонанд боиси ба плеврит гирифтор шудани инсон гарданд. Инфексия метавонад бо воситаи хун ва ё захмҳои кушода ба организми инсон роҳ ёфта, шуморо ба плеврит мубтало гардонад. Гоҳо касалиҳои дигар аз ҷумла саратони шуш ва метастаза додан, яъне паҳн шудани дигар намудҳои саратон дар организми инсон низ боиси ҷамъ шудани моеъ дар пардаи луобии шуш ва ба плеврит гирифтор гаштани шахс мешавад. Баъзеҳо баъди аз сар гузаронидани бемории сактаи қалбӣ ба плеврит гирифтор мешаванд. Аллергия низ баъзан боиси пайдоиши плеврит мегардад, ҳамчунин бар асари зарба хӯрдан низ об дар байни пардаи луобии шуш ҷамъ шуда, касро мубталои плеврит мегардонад. Тавре ки мебинед, сабабҳои пайдоиши ин беморӣ хеле зиёданд. Аз ҳамин хотир, барои он ки табобат самари хуб дда, моеъ дубора ҷамъ нашавад, сарчашмаи бемориро пайдо ва табобат кардан лозим аст.

-Шумоҳамчун табиб ба шахсоне, ки ба плеврит гирифтор шудаанд, чи маслиҳат медиҳед?

-Даст ба худтабобаткунӣ назананд ва ба умеди бо ёрии ҳар хел алафу гиёҳҳои шифобахш аз ин беморӣ раҳоӣ ёфтан нашавнад. Афрде, ки ба плеврит мубтало гаштаанд, бояд ҳатман ба табибони муттахасиси ин соҳа муроҷиат намуда, пурра аз ташхис гузаранд ва танҳо бо роҳнамоиву маслиҳати табиби худ табобат гирифта, аз қабул кардани ҳар хел давоҳои носанҷида худдорӣ намоянд.

-Барои маслиҳатҳи судманд як ҷаҳон ташаккур!     

Ф. Сатторӣ

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Мадина 2023-07-19, 21:46
Барои чи ҳангоми пункция кардан обро гирифта намешавад сабабаш дар чист
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Мадина 2023-07-19, 21:46
Барои чи ҳангоми пункция кардан обро гирифта намешавад сабабаш дар чист
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД