Раисҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён бо ирсоли нома ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ӯ ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик кардааст.
Сафорати Эрон дар Душанбе ин номаро дар телеграм-канали худ нашр кардааст. Дар он Пизишкиён таъкид кардааст, ки пайвандҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва забонии ду кишвар заминаи муҳиме барои густариши муносибатҳои Тоҷикистону Эрон мебошанд. Ба гуфтаи ӯ, Ҷумҳурии Исломии Эрон рушди ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Тоҷикистонро яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ медонад.
Пизишкиён ҳамчунин изҳор доштааст, ки Эрон барои таҳкими бештари муносибатҳои дуҷониба ба манфиати ҳар ду кишвар, таъмини суботу амнияти минтақа ва рушди фарҳангу адаби муштарак талош хоҳад кард.