Ман аз шавҳари якумам бо сабаби майнӯшиву бекориаш бо як духтарча ҷудо шуда, бори дувум издивоҷ кардам.
Шавҳари дуюмамро занаш вафот кардаву як писар дорад. Мо якдигарро бо як нигоҳ маъқул кардаву баъдан издивоҷ намудем, аммо аз рӯзи аввал писари шавҳарам, ки 14 сол дорад, бо ману духтарчаи 10- солаам созиш намекунад. Духтарчаамро мезанад, ба ман гапгардонӣ мекунад, аз дарсҳо мегурезад. Шавҳарам пайваста аз муаллимону ҳамсояҳо барои ахлоқи бади писараш гап мешунавад.
Дирӯз боз бо духтарчаам бе ягон сабаб моҷаро карду ман ҳам сари қаҳр ба ӯ дарафтодам. Шавҳарам аз кор омада, ҳам маро ҷанг карду ҳам писарашро. Ба шавҳарам гуфтам, ки писараш душвортарбия аст, шояд ӯро ба мактаби махсус медиҳем. Вале шавҳарам гуфт, ки ҳеҷ гоҳ ин корро намекунад, зеро занаш пеш аз марг васият кардааст, ки писарашонро хор шудан намонад.
Аз дил гузаронидам, ки агар рафтори ин писарбача ҳамин хел рафтан гирад, мо ҷудо мешавем, аммо ман шавҳарамро хеле дӯст медорам.
Чӣ кор карданамро намедонам.
“Кошонаи Шаҳло”