Arzon march 2024
ПИСАРИ ҚАҲРАМОН МИРЗО ТУРСУНЗОДА АЗ ОЛАМ ДАРГУЗАШТ
2747

 

Парвиз Турсунзода фарзанди хурдии Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзо Турсунзода буд, ки солҳои зиёд дар Ироқ ба ҳайси тарҷумон кор мекард, вале баъдан ба Ватан баргашта, дар инҷо аз олам даргузашт.

 Хабари марги Парвиз Турсунзодаро яке аз дӯстони ӯ, меъмори шинохта Олим Қурбонов дар сафҳаи Фейсбукии худ қайд намудааст.

Қурбонов акси фарзанди Турсунзодаро нашр намуда, дар зери он навиштааст, ки Парвиз чанде қабл ба ӯ навишта будааст, ки "ӯро фаромӯш накунам".
"Ман аз куҷо медонистам, ки ӯ бо ман видоъ мекунад. Ба суолу нигарониҳои ман посух надод ва тасмим гирифтем, ки вомехӯрем, аммо дер кардам", - бо таассуф навиштааст, дӯсти марҳум.

Маълум нест, ки сабаби марги фарзанди Мирзо Турсунзода кадом маризӣ ва ё чӣ омиле будааст.
Парвиз Турсунзода, хатмкардаи риштаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва солиёни зиёде дар Ироқ ба унвони тарҷумони забони арабӣ кор карда буд. Баъди бозгашт аз Ироқ дар чандин нашриёти Душанбе кор кард.
Марҳум дар идораи "Тоҷикфилм" тарҷумон буд ва филмҳои зиёди хориҷиро тарҷума карда буд. Пас аз он корманди Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон шуд ва солҳои ахир дар ширкати "Вавилон-Мобайл" кор мекард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД