Бе назорат мондани кӯдакону наврасон метавонад боиси сар задании ҳодисаҳои нохуш гардад.
Бадбахтона, баъзан бар асари бепарвоии волидон кӯдакон ба роҳи мошингард баромада, дучори садама ва фоҷиаҳи дигар мегарданду дар натиҷа захм мебардорад ва ҳатто дар пайи чунин фалкатҳо ба ҳалокат мерасанд. Аз даст додани фарзанд захми носурест, ки ҳаргиз даво намеёбад ва ин доғ то рӯзи абад аз дили падару модари ҷигархун нахоҳад рафт.
Вазрати умури дохилии кишвар аз сар задани боз як садамаи сархӯр хабар додааст, ки бар асари он риштаи умри як писарачаи 10-сола канда шуда, дар моҳи шарифи рамазон як хонаи як тоҷики дигар мотамсарой гашт.
Тавре ки мабаъ менависад, ронандаи трактори тамғаи “МТЗ-80”, Раҷабов Исломиддин Сафарович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Кӯшониён санаи 14-уми апрел, тахминан соати 12: 30 , ҳангоми ҳаракат бо 2-адад ядаки (притсеп) бо ҳам баста, ки дар дохилашон селоси алаф дошта, дар роҳи мошингарди ноҳияи мазкур ҳаракат мекард, ноболиғ Аминов Сайфуршоҳ Абдувалиевич, соли таваллудаш 2010, сокини ҳамин ноҳия, ба қисми қафои ядаки якуми трактор часпидааст. Ҳангоми ҳаракат ноболиғ тахминан 700 метр рафта аз ядаки 1-ум меафтад ва ба зери чархи дуюми ядаки дуюм монда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Тафтишот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.