Писарамро ятим кунам?
105

Ман як зани шавҳардори бешавҳарам. Панҷ сол мешавад, ки рӯйи падари фарзандамро надидаам. Писарамон, ки вақти рафтани падараш ҳанӯз дуруст роҳ гаштаю гап зада наметавонист, имсол ба синфи якум рафт. Дар бадали ин панҷ сол шавҳарам танҳо як бор 7 ҳазор пули русӣ равон кардаасту халос. Ақаллан занг намезанад. Худам занг занам, серкориашро баҳона карда, “занг назан, ман вақти бо ту лақ-лақ кардан надорам” мегӯяд.

“Ман ба ном зани шавҳардорам, намеомада бошӣ ҳам, ҳар моҳ ягон сум фирист, ки ба дигарон муҳтоҷ нашавем” гӯям, ба сарам дод зада, мегӯяд, ки хоҳӣ, ҳамин, нахоҳӣ, чор тарафат қибла, ба куҷое меравӣ, рафтан гир!”.

Боварӣ дорам, ки шавҳарам дар мулки рус зан дорад, шояд фарзанд ҳам дошта бошад, чунки вай як зарра ҳам парвои мани аламзадаро надорад. Сағерадухтарам, аз кӯдакӣ ғаму дарду кулфат дидаам ва намехоҳам фарзандам низ мисли худам ятим шуда, азоб кашад. Бародаронам мегӯянд, ки то кай ту худатро паст зада, дар хонаи онҳо шӯдори бе шӯй мегардӣ, беҳтараш аз баҳри шавҳари номардат гузашта, бачаатро гирифта биё, худамон фарзандатро калон мекунем, вале намехоҳам писарам дар дари хонаи тағоҳо калон шавад. Аз таънаи янга метарсам, намехоҳам фардо занҳои бародаронам фарзанди маро дарди сар ва тайёрхӯр гуфта, неш зананд.

Сарҳисоби зиндагиро гум карда, бо умед муроҷиат намудам, то хонандагони азиз, ки таҷрибаи бойи ҳаётӣ доранд, ба мани ҳайрону сарсон ягон маслиҳати судманд диҳанд.

ФАРАНГИС, аз н. Ҳамадонӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД