Ассалому алайкум хонандагони азизи сомонаи Oila.tj!
Бисёр зиқам, мехоҳам дарди диламро навишта, каме ором бигирам. Солҳои ширини умрам гузашт, лекин то ҳол хушбахтиро надидам. Ҳамсинфонамро дида, худ ба худ мегӯям, ки барои чӣ ҳама хушбахту ман дар ҳаёт ин қадар бадбахтам? Ягона умедам дар ин дунё писарам аст, вале...
Як бегоҳ писарам ба ман савол дод, ки очаҷон, барои чӣ ҳама падар доранду ман надорам? Ин гапро шунида, ҷигарам пора-пора шуд. Инони ихтиёр аз даст дода, гиря кардам. Ҳарчанд кӯшиш мекардам, ки худамро ба даст бигирам, оби дидагонам беихтиёр ба рӯям мешорид. Ба саволи писарам ҷавоб дода натавониста, лолу ҳайрон мондам. Барои тасаллои дилаш гуфтам, ки ту бобо дорӣ, бибӣ дорӣ, тағо дорӣ, оча дорӣ, вале писаракам ду пояшро ба як мӯза андохта, мегуфт, ки мехоҳад мисли ҷӯраҳояш падар дошта бошад.
Инак, чанд рӯз боз писарам “Худо кай ба ман падар медиҳад?” гуфта, маро ҷигархун карда истодааст. Намедонам чӣ гуфта ӯро ором созам.
Илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
ЗАЙНУРА, н. Вахш