Formula novemver 2024
Писараки 11-солаи тоҷик ба китоби “Гинес” ворид шуд
4826

Як кӯдаки тоҷик бо шарофати истеъдоди нодири варзишиаш ба китоби рекордҳои “Гинес” дохил шуд. Писарак ҳамагӣ 11-сол дорад, вале метавонад то 11 ҳазор маротиба болофишорӣ (отжимания) кунад.


Эмомҳусайн Умарови 11-сола дар ҳузури доварон бе танаффус 5 ҳазору 200 маротиба болофишорӣ (отжимания) карда, ҳакамонро дар ҳайрат овард ва шомили китоби рекордҳо гашт. Дар ин бора Ризвон Ошурмамадов мураббии муҳорибаи омехтаи Эмомҳусейн тариқи шабакаи “Ютуб” хабар додааст.
Номи Эмомҳусайн Умаров ҳанӯз аз 7-солагӣ расонаӣ гашта буд. Васоити ахбори омма он замон навишта буданд, ки писарак бидуни танаффус 11 ҳазор болофишорӣ (отжимания) анҷом медиҳад, вале падар ва тағои ин наврас идао доштанд, ки 13 ҳазор болофишории Эмомҳусайнро ҳисоб кардаанд ва то кунун касе ба ӯ баробар нашудааст.

Падари Эмомҳусайн дар бадали чанд сол ҳамеша талош мекард, ки зӯри бозуи фарзандаш дар китоби рекордҳои “Гиннес” сабт шавад.
Раҷаб Умаров, падари Эмомҳусайн гуфта буд, ки ба тавоноии писараш бовар дорад, вале намедонад чӣ гуна фарзандашро ба масъулони китоби рекордҳои “Гиннес” муаррифӣ кунад. Барои ҳалли ин масъала ӯ аз масъулини варзиши кишвар ва раиси шаҳри Душанбе кӯмак хоста буд.

Моҳи ноябри соли 2017 вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода Эмомҳусейн Умаровро барои истеъдоди нодири варзишиаш – тавони 11 ҳазор болофишорӣ (отжимание) ситоиш карда, ба ӯ соати дастӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда буд.

Ба иттилоъи Азия-плюс Эмомҳусейн Умаро ҳоло дар шаҳри Красноярски Русия тамрин менамояд. Ӯ, фарзанди нуҳум ва хурдии хонавода аст. Дар баробари болофишорӣ ин кӯдак машқҳои акрабатикӣ ҳам анҷом медиҳад ва дар варзиш истеъдоди фавқулодда дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД