Падарам шароб менӯшад, аз ман хоҳиш мекунад, ки ба ӯ шароб биёрам ва ман ба ӯ не гуфта наметавонам. Фаҳмиданӣ будам, ки ман барои он шаробҳои харидаам гуҳаҳкор мешавам ё не?
АМИРҶОН, ш. Душанбе
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Хамр (шароб, май) бо Қуръону суннат ва иҷмоъ ҳаром мебошад.Аз Анас ибни Молик ривоят шудааст, ки мегӯяд: «Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар шароб даҳ тоифаро лаънат кардааст: Тайёркунандаи он, шахсе ки тайёр кардани онро талаб намудааст, нӯшандаи он, оварандаи он, шахсе ки овардани онро талаб намудааст, соқии он, фурӯшандаи он, хӯрандаи пули он, харидори он ва шахсе, ки харидани онро талаб кардааст».
Барои шумо ҳалол нест, ки ба падари худ шароб бихаред. Итоати махлуқ дар нофармонии офаридгор ҷоиз нест, гарчанде ки ин амал падарро хашмгин намояд ва ӯ дар ҳаққи шумо дуои бад кунад. Ӯ ба хотири ин амалаш гунаҳкор мешавад ва дар Шариъат ягон вазне надорад.