Маҳсулоти лозима:
500 г картошка, 500 г гӯшти қимма, 1 пиёз, 100 г панири сахт, 50 г равғани маска, 3 помидор, намаку мурч.
Тарзи таҳия:
Картошкаи обпазро бо равғани маска лат занед. Пиёзро маҳин реза карда, ба қиммаи гӯштин илова кунеду ҳардуяшро дар тоба зирбонед. Помидорро ба таври ҳалқача реза кунед. Ба тобаи пухтупазӣ равғани маска молида, аввал ними картошкаи латзадаро тунук кунед. Аз болои он қимаи зирбонда ва баъдан боқимондаи пюреи картошкагинро тунук кунед. Акнун помидори резаро дар рӯи хӯрок чида, дар охир панири аз турбтарош гузаронидашударо пошед. Пирогро дар ҳарорати 200 дараҷа муддати 20 дақиқа пазед.