Formula novemver 2024
ПИРОГИ ГӮШТӢ
2232


Русҳо мақоли аҷибе доранд: “Роҳ ба дили мард аз меъдааш мегузарад.” Дар ҳақиқат мардон хӯрдани хӯрокҳои хуштамъ ва серғизоро дӯст медоранд.

Дили шавҳаратонро ёфтан хоҳед, ҳар рӯз барояш ягон таъоми лазиз пазед. Гӯшаи “Кадбону”-и сомонаи Оила. ТЧ дар ин кор ба шумо ёрӣ мерасонад. Имрӯз мо ба бонувон тарзи пухтани як навъ пироги бисёр бомаззаи гӯштиро ёд медиҳем.

Маҳсулоти лозима
Ним килограм гӯшт, 200 гр сметана, 100 гр равғани маргарин, 500 гр орд, 1 қошуқча моддаи ковоккунанда, каме сода, 3-дона тухм, намак ва 2-дона пиёз.

Тарзи таҳия
Аз тухм, равған, сметана, каме сода, моддаи ковоккунанда ва орду намак хамир шӯрида, дар ҷои гарм 20 дақиқа нигоҳ доред.
Гӯштро қима карда бо пиёзи майдакарда шуда омехта намоед ва ба он камтар намаку мурч илова намоед. Хамирро ба ду қисм ҷудо карда, як қисмашро дар болои мизи ордпошида тунук кунед ва дар лаълии тафдон гузоред. Лабҳои хамирро бо даст ҳамвор намоед ва қимаи тайёршударо дар рӯяш рехта, қисми дигари бозкардаи хамирро аз болояш пӯшонед ва гирдашро тоб дода, маҳкам кунед. Болои пирогро метавонед бо хоҳиши худатон оро дода, ба рӯяш зардии тухм молед. Пирогро дар тафдон гузошта, болояшро сӯрох карда, дар ҳарорати 180 дараҷа муддати 25 дақиқа пазед.

Иштиҳи том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД