Дар рӯзҳои истироҳат дил мехоҳад бо аҳли оила сари дастурхони пурнозу неъмат нишаста, аз хӯрдани шириниҳои лазиз кайфият бибарӣ. Бонувони азиз, имрӯз м тарзи тайёр кардани пироги фалладори школадиро бароятон ёд медиҳем, то ки истироҳати шумо ва аҳли хнаводаатон ширину гувро бигзарад.
Маҳсулоти лозима:
3 тухм, 50 мл шир, 50 мл равғани растанӣ, 4 қошуқ шакар, 3 қошуқ какао, 160 г орд, 1 қошуқча моддаи ковоккунанда. Барои қимма:
200 г фалла, 3 қошуқ шакар, 1,5 қошуқ орд.
Тарзи таҳия:
Тухму шакарро лат зада, ба он орду моддаи ковоккунанда ва какаоро илова кунед. Ба фалла шакару орд илова карда, бо блендер лат занед. Ба қолаби чоркунҷа каме равған молида, хамирро баробар тунук кунед. Фаллаи латзадаро бо истифода аз халтаи қаннодӣ ё халтачаи оддӣ ба рӯи хамир дар шакли панҷара резед. Пироги шоколадиро дар тафдони ҳарораташ 180 дараҷа муддати 30 дақиқа пазед.