Маҳсулоти лозима:
Орд – 200 грамм
Равғани маска – 100 грамм
Хокаи шакар – 50 грамм
Намак – 0,5 қошуқча
Маводи ковоккунанда – 1 қошуқча
Зардии тухм – 1 дона
Об – 30 мл
Барои ороиш:
Ширқиём – 350 грамм
Сафедии тухм – 1 дона
Оби лимӯ – 1,5 стакон
Тарзи таҳия:
Дар зарф равғани маскаро бо орд умоч мекунем, сипас хокаи шакар, намак, зардии тухм ва об илова карда, хамирро мешӯрем ва дар селофан гирифта, 10 дақиқа дар яхдон нигоҳ медорем. Пасон, ба қолаб равған молида, хамирро дар он тунук мекунем ва бо чангак ба болояш мезанем, ки дам накунад. Дар тафдон дар ҳарорати 190 дараҷа 15 дақиқа меистад. Барои ороиш дар зарф ширқиём, пӯсти лимони резакардашуда, сафедии тухм ва шарбати лимӯ ҳамроҳ карда, бо миксер хуб лат мезанем. Пирог ки пӯхт, аз тафдон мегирем ва малҳами омодашударо ба болояш мерезем ва муддати 35-40 дақиқа дар ҳарорати 150 дараҷа то пӯхтанаш меистад. Баъд аз пӯхтан болои пирогро бо лимӯ оро медиҳем.
Бо иштиҳо бошед!