Маҳсулоти лозима:
400 гр орд, 1/2 қошуқча намак, 1 қошуқча моддаи ковоккунанда, 150 гр равғани маска, 300 гр сметана. Барои қима: гӯшти лаҳми мурғ, картошка, пиёз, намак, мурч, равғани маска, тухм.
Тарзи таҳия:
Намаку моддаи ковоккунанда ва равғани мулоимшудаи маскаро бо даст омехта намуда, ба он сметана илова кунеду хамири мулоим омода созед.
Баъди ним соат хамирро ба ду қисм ҷудо карда, яктояшро тунук карда, ба рӯи лаълии тафдон гузоред.
Ба рӯи он қимаи аз мурғ, картошка, пиёз, намаку мурч омодашударо тунук кунеду нимаи дигари зуволаро ба рӯяш пушонида, лабҳои пирогро часпонед. Ба рӯи пирог тухм молида, дар тафдон пазед.