Arzon Banner
ПИРДУХТАР БЕЗУРЁТ МЕШАВАД?
1206

Аксарияти духтарону занон ба хотири карера оиладоршавӣ ва тавлиди фарзандро ба таъхир мегузоранду баъди 30-35 солагӣ таваллуд карданро ба нақша мегиранд. Бонувоне, ки дар сар чунин фикр доранд, ояндаи фарзандонашонро ба нақша мегиранд, то ки тифлакашон азоби гуруснагиву дигар мушкилоти иқтисодиро набинад. Биёед аз нуқтаи назари тиб бубинем, ки ин амали бонувони коргар то кадом андоза бехатар аст.

Табибон синну соли қобилияти фарзандтаваллудкунии зан ва безурётии ӯро муайян намуданд. Ба ақидаи олимону мутахассисони варзидаи ҷаҳонӣ хуб мебуд, ки бонувон фарзандро дар ҷавонӣ ба дунё оваранд. Дар тухмдонҳои ҳар як зан миқдори муайяни тухмҳуҷайраҳо мавҷуд аст, дар яке зиёдтару дар дигаре камтар, чунин офарида шудааст ҷинси латиф. Ҳар қадаре ин тухмҳуҷайраҳо зиёд бошанд, имкони модар шудани зан меафзояд. Бо рафтани синну сол миқдори тухмҳуҷайраҳо кам мешавад. Ҳар қадаре тухмҳуҷайраҳо зиёд бошанд, ҳамон андоза зан ба зудӣ ҳомиладор мешавад. Синну соли миёнаи ҳомиладоршавӣ аз 20 то 24-солагӣ будааст, зеро дар ин давра миқдори тухмҳуҷайраҳо дар ҳамаи бонувон зиёд аст. Бо рафтани синну сол тухмҳуҷайраҳо кам шуда, ҳомиладор шудани зан душвор мегардад. Ин далелро бонувон бояд ба инобат бигиранд.

Сабаби дигаре, ки бо рафтани синну сол дар ҳомиладорӣ монеа пайдо мешавад, ин эндометриоз аст. Имкони гирифторшавӣ ба ин беморӣ баъди 30-солагӣ меафзояд. Беморӣ боиси илтиҳоб мегардад, ки бар асари он сабзиши тухмҳуҷайра ва ҷараёни бордоршавӣ мушкил ва ҳатто номумкин мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД