Бонуи хитоӣ Ги Менг кокулонашро 2, 52 метр дароз кардааст, то ки ба китоби рекордҳои Гиннес ворид шавад. Кампири кокулдароз иқрор шудааст, ки мӯяшро дар давоми 35 сол қайчӣ назадааст.
Дар як сол мӯйҳои ин зан шаш-ҳафт сантиметр дароз мешудаанд. Ги Менг кокулонашро сахт бофта, ҳангоми серкорӣ гирди сараш панҷ маротиба тоб медодаасту гирди миёнаш се маротиба.
Тавре худи Ги гуфтааст, кокул барои ӯ боигарии асосӣ ба шумор меравад. Харидорони кокули дуюнимметраи хитоизан кам нестанд. Барои кокулонаш ба ин кампирак 3 ҳазор доллар пешниҳод кардаанд, вале ба хотири ба даст овардани рекорди ҷаҳонӣ аз пул рӯй тофтааст.