Вақтҳои охир дар бораи мардоне, ки аз ҳисоби занҳо зиндагӣ мекунанд, бисёр мехонам. Аксарият ҷавононеро мисол меоранд, ки занони калонсолро ба ҳамсарӣ хоста, аз ҳисоби онҳо зиндагии осуда доранд. Ман як чизро мегўям, дар ҳама давру замон одамони беномусу бенанг ва танҳо дар фикри тани худ буда ҳастанд. Беномусӣ ҷавониву пирӣ надорад, ман инро аз таҷрибаи оилаи худамон, аниқтараш аз зиндагии модарам мегўям…
Сағирапарвар
Модарам дар оилашон фарзанди калонӣ аст, вақте бобоям вафот мекунад, ў нав донишгоҳро хатм кардаву дар як бонк ба кор оғоз кардааст. Тақдири ду хоҳари ноболиғаш ба дӯши ў ва бибиям, ки дар беморхонае фаррош будаанд, меафтад. Модари бечораам гиряву азобҳои модарашро дида, пеши худ қавл медиҳад, ки то хоҳаронашро хонондаю ба шавҳар надиҳад, худаш оиладор намешавад. Оҳиста-оҳиста бечора модарам номи бади пирдухтарро ба худ мегирад, вале холаҳоямро хононда, оиладор мекунад. Модаркалонам вафот мекунаду пеш аз марг дасташро ба домони модарам печонда, васият мекунад, ки барои хоҳаронат ҳам падару ҳам модар бош!
Ростӣ, вақте ҳамин нақлҳоро аз забони модарам мешунавам, худ ба худ мегўям, ки аҷаб модаре, фақат ғами ду духтаратро хӯрию ғами яктои дигарашро не…
Хулоса, модарам дар синни бисту ҳафтсолагияшон ба шавҳар мебароянд, падари мо корманди ҳарбӣ будаасту баъди ҷудоӣ аз зани русаш ба модари ман хонадор мешавад. Ман падарамро ёд надорам, зеро баъди шашмоҳа шудани ман бо зани русаш оштӣ карда, ба Русия меравад. Ў барои модарам хонаи сеҳуҷрагӣ аз як бинои баландошёна харида медиҳад, ки ин барои писарам, вале дар зиндагии минбаъдаи ман иштирок намекунад.
Бахти нав
Модарам ҳавлии падарияшонро фурўхта, бо хоҳаронаш баробар тақсим мекунад ва ҳақи худашро гирифта, ба тиҷорат машғул мешавад. Мо зиндагии хубе доштем. Хонаамонро фурўхта, хонаи панҷҳуҷрагӣ гирифтем, холаҳоям мудом меҳмони хонаи мо буданд. Модарам ҳамеша ба онҳо ёрӣ мерасонданд. Ба таълиму тарбияи ман модаракам аҳмияти ҷиддӣ медоданд, зеро мехостанд дар оянда роҳи зиндагиямро пайдо намоям. Ман шашсола будам, ки модарам бори дувум шавҳар кард, пияндарам дар як бозор ҷонишини директор буд ва ба хонаи мо кўч баст. Марди болобаланди зебое буд, мошини ҳамон вақтҳо машҳури «Волга» дошт, аммо ниҳоят зихна буд. Ба хона ғайри нону ду бандча кабудӣ чизе намеовард. Модарам барои ў ҳар бегоҳ дастархони шоҳона меорост. Амаки Ҳошим рўзҳои шанбеву якшанбе ғайб мезад, баъдҳо фаҳмидам, ки ў дар як деҳаи дурдасти кўҳистон, ки зодаву парвардаи он ҷо буд, зану дувоздаҳ фарзанд доштааст. Аз фарзандонаш даҳ нафар духтар ва ду нафар писар буданд, баъдҳо як писари донишҷўяш панҷ сол дар хонаи мо зиндагӣ кард, бачаи хомўшу шармгине буд, ман ўро ака мегуфтам. Ин мард аз ҳисоби модари ман мехўрд, дар хонаи мо зиндагӣ мекард, хонаамон барои писараш хобгоҳ буд, вале худаш барои ободонии хонаи мо чизе сарф намекард. Модарам шабу рўз заҳмат мекашид…
Беномус
Хурд будам, он замон ба маънии ин калима аҳмият намедодам, ҳоло мефаҳмам, ки рафторҳои амаки Ҳошим чӣ қадар беномусона будаанд. Ҳамин ҳоло ба ёд биёрам, ростӣ дилам мешӯрад.
Модарам хонаҳоямонро таъмир карду тамоми ҷиҳозашро нав кардем, шавҳари модарам ҳама ҷиҳози кўҳнаи хонаи моро ба хонааш кашонд. Модарам шояд ўро дўст медошт ё «Аз оғили холӣ гови шохзан беҳ» гўён, зиндагиро бо ў идома медод. Ҳозир фикр мекунам, ки модари бахти занона надидаам ин марди даюсро дўст медошт, ў ба зану дувоздаҳ фарзандаш хиёнат карда, шабу рўз дар хонаи мо буд. Дар хонаамон як косаи калоне буд, ки модарам ҳамеша онро пур карда, дар назди пияндарам мегузошт, гӯшти калонтарини дег ҳам насиби ў буд. Холаҳоям дар ҳар омаданашон байни худ язнаашонро ғайбат мекарданд, ки мурдаашро дар ин ҷо партофтаасту рафтан намехоҳад. Барои ман будан ё набудани шавҳари модарам фарқе надошт, ман ҳуҷраи алоҳида доштам, он ҷо бозӣ мекардам, дарсҳоямро тайёр менамудам, телевизор медидам ва хоб мерафтам.
РАСО, аз шаҳри Душанбе
Таснифи Рухсора Саид