Formula novemver 2024
ПЕШНИҲОДИ ТАРҲИ НАВИ ЛИБОС БАРОИ ЗАНОНИ МИЛИСА
3633

Дар Тоҷикистон пӯшоки нави идона ва саҳроӣ барои кормандони занони милиса муаррифӣ шуд.

Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.
Яке аз истифодабарандаи фаъоли Facebook Рустам Гулов акси тарҳи нави либоси занони милисаро дар саҳифааш нашр кард ва тарҳи навъи дигари либросро низ пешниҳод намуд. Аз аксуламали шарҳнависон маълум гардид, ки қисми зиёди одамон пешниҳоди мазкурро на он қадар хуб пазируфтанд. Бархе аз сокинон бар он ақидаанд, ки либоси низомӣ боядт аз матои бадошт дӯхта шавад. Гурӯҳи дигар ба онанд, ки корманди милиса бояд либоси ҷиддӣ пӯшад, ки он муаррифгари симои муҳофизи тартиботи ҷамъиятӣ бошад. Он либосе, ки аз ҷониби мақомдорон пешниҳод гардидааст, танҳо таваҷҷӯҳи одамонро ба кормадони милиса ҷалб мекунаду халос.

Намуди пироҳанҳои аз атласу адрас дӯхташударо тарроҳони вилояти Суғд таҳия кардаанд.

Қайд карда мешавад, ки либоси саҳроӣ барои кормандони полис дар шакли камуфляж дӯхта шудааст.

Вазорат афзудааст, ки ин либосҳо зимни ифтитоҳи Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ дар Гулистон ба президент Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуданд.

Дар сурати тасдиқ шудан аз ҷониби раисиҷумҳур, занони милиса ин пироҳанҳоро рӯзҳои ид ба бар хоҳанд кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД