Formula novemver 2024
Пешниҳоди Байзоев ба Вазорати маориф ва илм
723

 

Таътили тобистона фаро расид. Таътиле, ки на танҳо кӯдакону наврасон, балки омӯзгорон ҳам ҳар сол бесаброна онро интизор мешаванд…

Дар фарҳанги мо таътили тобистона бо мафҳуми истироҳат тавъам аст: пас аз нуҳ моҳи тӯлонию тоқатфарсо фурсати истироҳат фаро мерасад. Ин аст, ки ҳама, ба истилоҳ, “оҳи сабук” мекашем, “хайрият” мегӯем, ҳамдигарро табрик мекунем. Хонандагон чӣ? Онҳо аз мо бештар хушҳолу фараҳманданд! Аз хондану навиштану омӯхтан, аз бехобӣ кашидану ба дарс дер кардан, гап шунидану сарзаниш гирифтан ва ғайраю ҳоказо озоданд!

Аз ҷониби дигар, аксар мардум – аз падару модарон сар карда то омӯзгорон ва масъулони соҳа аз сатҳи пасти дониши хонандагон, коҳиш ёфтани шавқу ҳаваси онҳо ба хондану омӯхтан, овора шудан ба корҳои беҳуда ҳамеша изҳори нигаронӣ мекунанд. Омилҳо ва сабабҳои ин падидаи номатлуби солҳои охир, дар ҳақиқат, метавонанд хеле гуногун бошанд. Аксар вақтҳо мо ба ин ҳолат худи кӯдакону наврасон ва падару модаронро гунаҳкор медонем. Шояд ин ҳам дуруст бошад. Ба андешаи мо, ин ҷо боз як омили дигаре низ метавонад бошад, ки гунаҳкори он худи моем.

Албатта, манбаи асосии дониш китоби дарсист. Мо тарзи истифодаи иҷоравии китоби дарсиро ҷорӣ кардем. Бигзор, чунин тарзи муносибат ногузир бошад, боке нест. Аммо савол ин ҷост, ки чаро хонанда пули иҷораи яксолаи китоби дарсиро пардохт мекунаду аз он танҳо нуҳ моҳ – замони таҳсили бевосита дар муассисаи таълимӣ ҳуқуқи истифода кардан дорад?

Сабабҳои аз худ накардани барномаи таълим гуногунанд. Агар барои гурӯҳе ин чиз “дарди бедаво” бошад (сустхонҳои азалиро дар назар дорем), гурӯҳи дигар баъзе мавзуъҳоро ба сабаби беморӣ, иштирок дар чорабиниҳои гуногуни расмӣ ва ғайрирасмӣ ва ё бо ягон сабаби дигар наметавонанд аз худ кунанд.

Магар мавсими тобистон барои такрор кардану мустақилона омӯхтан ба ҳар ду гурӯҳ фурсати муносиб нест? Чӣ бадӣ дорад, агар китобҳои дарсиро то охири моҳи август ба ихтиёри хонандагон вогузор намоем? Дар ин маврид роҳбарони синфу омӯзгорони фанҳои алоҳида, ки аз ҷиҳатҳои заифии шогирдони худ хабар доранд, метавонанд ба падару модарон тавсия диҳанд, ки тобистон, дар баробари истироҳат, бо фарзандони худ чӣ кор кунанд, такрор ё омӯзиши мустақилонаи кадом мавзуъҳоро аз кадом фан ба роҳ монанд, таҳти назорат гиранд.

Шояд шахсоне ҳастанд, ки ин пешниҳодро қабул намекунанду баҳонаҳо пеш меоранд: “китобҳо фарсуда мешаванд”, “дар тобистон кӯдакон майли хондану омӯхтан надоранд”, “онҳо хаста шудаанд – бояд дам гиранд” ва ғайраву ҳоказо.

Ба андешаи мо, худамон, аз ҳамон замоне ки хонандагонро дар тобистон бе китоби дарсӣ гузоштем, онҳоро эрка кардем, майлу хоҳиши хондану худомӯзиро коҳиш додем. Фикр накардем, ки хотираи инсон компютер нест, ки иттилооту маълумоту донишро ҳамеша ҳифз намояд ва ҳар вақт ки лозим шуд, аз нав эҳё кунад. “Такрор – модари дониш” шиори дирӯзаву гузашта нест, ин ҳикмати ҷовидонист. Дар сурати такрор накардан ҳама гуна дониш фаромӯш мешавад, махсусан, дониш аз забон – хоҳ забони модарӣ бошад, хоҳ забони дигар.

Аз масъулону мутахассисони соҳа ҷуръате мехоҳем, ки доир ба ин мавзуъ бетараф набошанд.

 

Бознашр аз рӯзномаи "Омӯзгор"

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД