Пешниҳоди баҳсбарангез
04.10.2025
Oila.tj
48

Дилноза Аҳмадзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дастрасии наврасони то 14-сола ба шабакаҳои иҷтимоӣ пурра манъ карда шавад. Вакил ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки наврасони 14-17-сола танҳо бо иҷозаи хаттии волидайн аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода баранд.

Дилноза Аҳмадзода дар мақолае, ки нашрияи расмии "Народная газета" чоп кард, навиштааст, манъи дастрасии наврасон ба шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро аз маълумоти зараровар ҳифз мекунад.

Мақолаи Аҳмадзода охири моҳи май нашр шуда, ахиран ба расонаҳо роҳ ёфт. Вакили порлумон пешниҳод кардааст, ки ба қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак тағйирот ворид шуда, дастрасии наврасони то 14-сола ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ шавад.

Баъзе коршиносони тоҷик мегӯянд, пурра маҳрум кардани наврасон аз истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ роҳи ҳал нест.

Таҷрибаи манъ кардани истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасон дар баъзе кишварҳо ҷорӣ шудааст. Аз ҷумла мақомоти Австралия наврасони аз 16-сола поёнро аз дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ маҳрум мекунанд. Ин қонун аз моҳи декабри имсол ба иҷро медарояд.

Ин пешниҳоди Дилноза Аҳмадзода миёни мардум баҳсбарангез шуд. Назари чанде аз сокинони кишварро дар ин хусус манзури шумо мегардонем.

Майсара Маҳмадова:

- Пешниҳоди оқилона ва зарурӣ, бояд ҳама онро дастгирӣ кунанд. Хавфи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакон зиёданд ва маҳдудият метавонад онҳоро муҳофизат кунад. Пешниҳод ба манфиати кӯдакон ва амнияти онҳо равона шудааст, зеро ҳифзи насли наврас аз таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ хеле муҳим мебошад.

Ҷумъа Музаффаров:

- Ягон симкорт ба номи нафарони то 16-сола нест, ки симкорташонро маҳкам кунанд. Ин кори имконнопазир аст, кофтукоб, ки то 16-сола саҳифаи шабакаи иҷтимоиро истифода мебарад ё не. Бинобар ин, ахлоқи наврасонро блогерони ҳайдав, ҳофизу ҳофизаҳои дайду, вайрон мекунанд. Хубтар мебуд сари роҳи инҳоро мегирифтанд.

Ҳуриннисо Ализода:

- Беҳтараш вакилон масъалаи хеле муҳими "саводи расонаӣ"- ро аз сатҳи ҳукумат то талабаҳо ба миён гузоранд. Ҳамаи ин ҳолатҳои ногувор аз боло то пойин аз набудани медиа- грамотности ба вуҷуд меояд. Агар дар Парлумон хоҳиш пайдо шавад, Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон омода аст як тренинг барои онҳо доир намояд. Баъдан онҳо бибинанд, ки ин пешниҳод то куҷо манфиат дораду то куҷо зарар. Мо интизори посух.

Самариддин Солиев:

- Вакил матолибашро бояд чунин баён мекард... Кулли блогерони дайдуи бе маданият, ҳофизаҳо, соҳибони сурудҳои бе мазмун, саҳифаҳои фаҳшу ифлосиҳо бояд дар фазои маҷозии кишвар роҳ надошта бошанд... Маҳдуд кардан ва ё манъ кардани интернет барои наврасон ин масъулияти волидайн аст... Наврасон бояд ИНЕРНЕТРО самаранок ва бо манфиат истифода баранд...

Абдулназар Раҳмонзода:

- Пешниҳоди мазкурро ҳамакаса ҷонибдорӣ намуда дар байни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида ба амал ҷорӣ карда шавад ва то 18-сола иҷозат бо шабакаҳои иҷтимоӣ қатъиян манъ карда шавад ва дар ин самт тамоми кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти кории худро дар ин самт равона намоянд. Қайд кардан зарур аст, ки бисёре аз оилаҳои ҷавон аз ҳисоб вайрон мешаванд.

Саида Хуҷамуродова:

- Пешниҳоди беҳтарин. Ман бо дили пур мегӯям, ки ягон насли навраси имрӯза бо доштани шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефонҳои қиммат ҳеҷ гоҳ онҳо дарс намехонанд он қадар видео роликҳо мондаги ай телефон онҳо ҳеҷ гоҳ илм намегиранд. Фақат чашми онҳо фисқу фасоду бетартибихоро мебинад.

Анвар Қаюмов:

Манъ кардан роҳи ҳал нест. Меваи манъкарда ширинтар метобад, шавқу орзуи дастрасиаш бештар мегардад. Дар пайи манъ кардан бояд алтернатива ҳам пешниҳод кард. Филмҳои ҳунариву тасвирии миллӣ (ҷавобгӯ ба талаби замон), дубляжи филмҳои хориҷии тарбиявӣ, барномаҳои дилпазири телевизионӣ, озмуну шоу- барномаҳои шавқовар ва ғайра. Мо ки ҳамин чизҳоро надорем, наврасон онҳоро аз интернет меҷӯянд. Ман ба ақидае розӣ нестам, ки интернет наврасонро вайрон мекунад. Интернет ҳамон наврасонро вайрон мекунад, ки падару модаронашон беназорат мемонанд. Бо панду насиҳат ва мисолҳои ҳаётӣ тарзи истифодаи мақсадноки интернетро намефаҳмонанд. Аҳли ҳукумат ва парлумон бояд аз рӯйи як қоида амал кунанд: "Меваеро манъ кардӣ, ҷойгузинашро ҳам пешниҳод кун!".

Шарофат Холова:

- Падару модар бояд ба тарбияи фарзанди худ аз рӯзи таваллуд машғул шавад. Ин ҷо интернет ягон нақш бозӣ намекунад. Вакилони мардумӣ нарху навои бозорро гап зананд, ки ҳар рӯз боло рафта истодааст. Ҳалли мушкили нарху наворо дида бароянд ва ҳал кунанд. Рафтори ҳофизҳои дайду ва раққосаҳое, ки шаъни зан - модари тоҷикро паст зада фарҳанги бойи миллатро даромади пули бе дарди миён кардаанд, блогерҳое, ки шарму ҳаёи инсониро гум кардаанд дида бароянд.

Ҳалима Мухамедова:

- Картаи наврас дар автобус ҷорӣ шуд, формаи мактаб ҷорӣ шуд, телефони наврас ҳам ҷорӣ шавад, хуб мешавад. Ҳама хонандаҳо бо як хел телефони мобилии содда кардашуда, ки проблемаи падару модаронро осон мекунад, таъмин карда шаванд.

Хосият Аюбова:

- Ҳозир дар асри 21 технология пешрафта шудааст ва кӯдакон барои инкишоф бо технология нав яъне "интилект" омӯзиш мегузаранд. Баъд ин чи хел мешавад маҳдудият гузорем, ҳол он ки аз синфи 6 дарси информатика мегузаранд. Ё танҳо истифодаи телефонро маҳдудият мегузоранд?

Зувайдулло Салимов:

- Сад дар сад ин пешниҳод қобили қабул аст. Танҳо аз рӯйи санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ инро ба танзим даровардан лозим меояд. Танҳо 14 сола не, ба мактаббачагон гуфта шавад мо аҳли ҷомеъ хостем, ки бачаҳо соҳиби телефон шуда аз навигариҳои илми дунявӣ бохабар бошанд, тарзи дурусти истифодабарии онро донанд, аммо баракс бисёри ҳолатҳоеро медонем, ки зиёда аз 90 фоизи терорисстон ба воситаи телефони мобилӣ ба сафи онҳо ворид шудаанд... Ба воситаи телефони мобилӣ амалҳои ноҷавонмадонаи худро амалӣ намудаанд, зарари телефон дар дасти ҷавонон аз фоидааш зиёд шуда истодааст, ҳоло дар бораи дигар паҳлуҳои манфиаш нагуфта истодаем.

Murod Azimiyn:

- Ба фикрам аз рӯйи қонун то хатми мактаб гардондани телефонҳои мобилӣ дар раванди дарсҳо манъ аст. Ҳамон хеле ки наврасон телефон доштанд ҳамон хел то ҳозира мегардонанд. Фоида нашуд. Ҳамон вакили парлумон чаро пешниҳоди танзими блогерони бетамиз, ҳофизаҳои ба қавли баъзеҳо ситораҳои нимурёну занҳои оқипадари фоҳишаҳои аз сайтҳои худ бо алфози қабеҳ шаъну шарафи зани тоҷикро паст мекунад ё баъзе аз мардони аз мард гуфтан... –ро пешниҳод накардааст.

Бо манъ кардану маҳдуд кардани ҷавонон шавқи пинҳони зиёд мешавад хубаш ки манбаъҳои фаҳшу террористӣ ё милатгаро манъ кунанд. 90% блогерони ҳозираро умрбод истифодаи сайтҳояшонро бо қарори суд маъну нест кунанд

Толиб Раҳмонов:

- Саҳифаҳои тоҷикии шабакаҳои иҷтимоиро ба Қонуни забон пайвастан даркор. То дараҷае забонро олуда карданд, ки ҳатто шахсони масъул низ ба вайрон кардани он роҳ медиҳанд. Ягон рекламаи молу маҳсулоте нест, ки бе 20-30% ва зиёда калимаҳои русӣ ва ғайр олуда набошад. Масалан: “братано, мо барои шумо туфлии коженный, аз кожаи крокоди, новинка бо нархҳои доступный овардем. Доставка ройгон!”. Магар ин забони мост. Барои чӣ дар роҳ ронанда барои хурдтарин вайрон кардани қоидаи роҳ ҷазои сазовор мебинаду, барои чунин дағалона вайрон кардани Қонуни забон (забони модарӣ - яъне ҳурмати модар) ягон чора нест? Чаро?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД