Arzon march 2024
Пеш аз никоҳ арӯсро бӯса кунӣ гунаҳкор мешавӣ ё не?
856


Мехоҳам донам, ки аз нигоҳи дини мубини ислом пеш аз никоҳ бо ҳамсари ояндаи худ, яъне бо арӯсшаванда гаштан, ӯро бӯса кардан ва ба оғӯш гирифтан мумкин аст ё на?

Шумо ҳамчун яке аз уламои дин ба мо ҷавонон дар ин маврид чӣ маслиҳат медиҳед?
Абӯбакр, н. Ҳисор.

          Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
Аз нигоҳи дини мубини Ислом бо зани номаҳрам хилват кардан ва бӯсидану ба оғӯш гирифтани ӯ ҳаром аст. Худованд бандагонашро аз роҳҳо ва ангезаҳои зино барҳазар дошта мефармояд: «Ва ба зино наздик машавед. Зино коре зишт ва шевае нописанд аст!» (Сураи «Исро», ояти 32). Занеро ҳамсари ояндаи худ интихоб карданӣ бошед, аз нигоҳи шариат фақат метавонед пеш аз тӯй ва никоҳ як бор ӯро бубинед, вале на дар ҷойи хилват.
Худованд ба шумо тавфиқи тоат, парҳез аз маъсият ато фармояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД