Умедшо Мирзоширин, коргардони шинохтаи тоҷик, ки дар бораи кори волонтёрон дар замони пандемияи коонавирус дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон филмбардорӣ дорад, порае аз суҳбатшро бо раиси ин вилоят Ёдгор Файзов дар саҳифааш нашр кард.
Дар навор раиси вилоят мегӯяд, ки вақте гирифтори беморӣ шуду аз халқ, ки барояш ҳанӯз коре накардааст, ҳазорҳо дуо гирифт, хушбахтиашро дарк кард ва фаҳмид, ки барои мардум шуда, ҷон додан ҳам меарзад.
“Он рӯз эҳсос кардам, ки бо халқ будан, на ҳамчун раис, балки танҳо худӣ будан бо мардум ифтихори бузург аст. Худам ҳайрон мондам, ки охир барои мардум ман чӣ кор кардаам, ки ин қадар дастгирию дуоҳо дар ҳаққи ман мекунанд”, - гуфт Файзов.
Ёдгор Файзов гуфт, ки тайи роҳбариаш дар вилоят ягон рӯз аз кори раисиаш розӣ набуд. Ӯ дар бораи фаъолияти ҷавонони ташаббускор изҳори назар намуда, гуфт, ки дар ҳар кор бо ҷавонон машварат мекунад.
“Хоҳу нохоҳ ҷавононро бояд фаҳмид, ба фикру хоҳишҳояшон бояд таваҷҷуҳ кард. Аз тарафи дигар ҷавононро ҷавон хуб мефаҳмад. Ман синнам дар таги 60 аст, барои ояндаи дурахшон бояд бо ҷавонон машаварат кард, онҳоро фаҳмид. Бе ҷавонон ба ҷое рафтан наметавонем, хоҳем нахоҳем, фардо месупорем”, - таъкид кард раис.
Файзов Ёдгор Доёрович 30 декабри соли 1961 дар ноҳияи Шуғнон таваллуд шудааст. Аз 25 феврали соли 2019 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. То омадан ба ин симмат ӯ роҳбари сандуқи Оғохон дар Тоҷикистон буд.
Мавсуф бо ташаббусу иқдомҳои наҷиби худ пайваста дар сархати расонаҳо буда, давоми фаъолияти роҳбарӣ тавонист воқеан ҳам Бадахшонро дарвозаи тиллоии кишвар намояд.