Субҳи 18 май дар шаҳраки “Родники”-и Новосибирск як марди 40-сола худро бо чатр дар даст аз ошёнаи 8-ум ба замин партофтааст, хабар дод “КП-Новосибирск”.
Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, пеш аз ин ӯ аз балкон курсӣ партофтааст. Ин мард ба Мэри Попинс тақлид кардааст, вале ин амалаш бе натиҷа анҷом ёфт. Гуфта намешавад, ки чӣ мардро маҷбур кардааст, ки худро аз ошёнаи 8-ум ба замин партояд.
Баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре пайдо шуд, ки ин мард дар роҳ ба бемористон ҷон додааст, вале муфаттишон ин далелро рад карданд. Мард зинда аст ва айни ҳол дар муассисаи тиббӣ бистарӣ гардидааст.