Arzon march 2024
Педофил дигар озодиро намебинад!
1530

Ҷиноятҳо алайҳи кӯдакону наврасон солҳои охир рӯ ба афзоиш ниҳодаанд. Гургҳои одамсурате ҳастанд, ки ҳатто тифлакони хеле хурдсолро мавриди таҷовузу озори ҷинсӣ қарор медиҳанд ва баъзан баъди ба мақсади нопоки худ расидан сайдашонро бераҳмона ба қатл ҳам мерасонанд. Барои пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш дар Русия қонуни наве ба тавсиб расид, ки тибқи он педофилҳо, яъне шахсоне, ки ноболиғонро таҷовуз менамоянд, дигар рӯйи озодиро намебинанд.
Қонуни нав, ки онро президенти Русия Владимир Путин 28-уми январ имзо кардааст, ҷавобгариро нисбат ба ретседевистон ва шахсоне, ки дар таҷовузи ноболиғон муттаҳам дониста шудаанд, пурзӯр месозад. Тибқи ин қонун шахсоне, ки дар таҷовуз ва ё содир намудани амалҳои шаҳвонӣ бо зиёда аз ду ноболиғ гунаҳкор дониста шудаанд ва ё бори дуюм даст ба ҷиноятҳои хусусияти шаҳвонӣ дошта задаанд, ҳамчунин педофилҳое, ки ҷиноятҳои дигар низ содир намудаанд (масалан зӯроварӣ ва лату кӯби ноболиғ, таҳдид кардан, тарсондан, куштор...)
нисбати онҳо ҳукми абадӣ содир гашта, то охири умрашон дар пушти панҷараи зиндон мемонанд.
Дар ин бора спикери Думаи Давлатии Русия Вячеслав Володин дар саҳифаи худ дар Telegram хабар дода, мегӯяд ин қонун ҳанӯз ҳам пухта нест ва ниёз ба таҳриру коркарди иловагӣ дорад.Вододин мегӯяд, таҷовуз ва зӯроварӣ алайҳи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои доғи ҷаҳони имрӯз ба шумор меравад ва Русия низ истисно нест, бинобар ин, ҷавобгариро барои содир намудани чунин амалҳои ғайри инсонӣ нисбат ба кӯдакон боз ҳам пурзӯртар кардан лозим аст. Ба ақидаи Вячаслав Володин натанҳо педофилҳое, ки ба таври такрорӣ ҷинояти таҷовуз ба номус ва амалҳои шаҳвониро нисбат ба ноболиғон содир кардаанд, балки шахсони бори аввал даст ба чунин ҷиноят зада низ бояд ба ҳабси абадӣ маҳкум карда мешуданд, то аз кӯдакону наврасон минбаъд беҳтар ҳимоят карда шавад.
Қонуни нав дар синну соли ноблиғон низ тағйирот ворид менамояд ва акнун шахсоне, ки нисбат ба кӯдакон ва наврасонӣ то 18-сола амалҳои шаҳвониро содир намудаанд, ба ҷазои сангин гирифор хоҳанд шуд. Қаблан дар Русия бачаҳои то 14 сола ноболиғ ба ҳисоб мерафтанд.
Дар кишвари мо низ солҳои охир чунин ҷиноятҳо рӯ ба афзоиш ниҳодаанд ва далели равшани он таҷовуз ва куштори чанд кӯдаки хурдсол дар соли 2021 мебошад. Хуб мешуд, ки намояндагони мардумӣ ин масъаларо дар парлумон ба миён гузоранд ва дар Тоҷикистон низ ҷавобгарӣ нисбат ба шахсоне, ки кӯдакону наврасонро бераҳмона таҷовуз менамоянд ва умуман ноболиғонро мавриди озори ҷинсӣ қарор дода, амалҳои шаҳвонӣ содир мекунанд, пурзӯр карда шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД