Сар аз соли нави мелодӣ нархи патент барои шаҳрванди хориҷӣ боз боло меравад, гуфтааст хадамоти матбуоти пойтахти Русия.
Сергей Собянин, Раиси шаҳр аз болоравии қимати патент барои муҳоҷирони корӣ дар пойтахт хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ нархи бақайдгирии ин ҳуҷҷат то 5,9 ҳазор рубл боло меравад.
Ба гуфтаи ӯ, ин маблағ аз пардохти шаҳрвандони худиштиғоли Русия ба маротиб бештар аст. Чунин тадбир пардохтҳои рақобатпазир ба буҷетро аз шаҳрвандони дигар давлатҳо таъмин хоҳад кард, иброз дошт номбурда.
Ба гуфти раиси шаҳр, дар Москва муҳоҷироне, ки аз мамлакатҳои иттиҳоди иқтисодӣ омадаанд ва хеле суст назорат карда мешуданд ва дар соли нав назорат аз болои муҳоҷирон пурзӯр мешавад.
"Аз 1 январи соли оянда назорат аз болои ҷараёни муҳоҷирон ба таври қобили мулоҳиза пурзӯр карда мешавад", - афзуд ӯ.
Дар мавриди кори муҳоҷирон дар корхонаҳои мунисипалӣ дар Маскав, Собянин қайд кард, ки имрӯз дар ин соҳа муҳоҷирон қариб нестанд.