Як гурӯҳ депутатҳои Думаи давлатии Россия пешниҳод намудаанд, ки системаи патентӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ барҳам дода шавад. Лоиҳаи қонун дар ин бора дирӯз, 15 -ноябр ба Дума пешниҳод карда шудааст, вале ҳанӯз маълум нест, ки Дума онро тасдиқ мекунад ё не.
Тибқи қонунҳои ҷории Россия шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқ доранд, ки патент гирифта, дар асоси он бо фаъолияти меҳатӣ машғул шаванд. Муҳоҷири меҳнатӣ аз кадом минтақае, ки патент гирифта бошад, танҳо дар ҳамон минтақа метавонад бо ҳамон намуди фаъолияти меҳнатӣ, ки дар патент нишон дода шудааст, машғул шавад.
Ба таври мисол бо патенте, ки муҳоҷир дар Маскав ба даст овардааст, дар шаҳрҳои дигари Россия кор карда наметавонад ва ҳуқуқ надорад, ки бо намуди дигари фаъолияти меҳнатӣ машғул шавад.
Дар минтақаҳои мухталифи Россия арзиши патент гуногун буда, тахминан аз 6000 то 10000 рубли русиро ташкил медиҳад, аммо...
Яке аз муаллифони лоиҳаи қонуни нав дар бораи барҳам додани патент Сергей Миронов, ки сарвари ҳизби “Справедливая Россия” мебошад, дар сӯҳбат бо “Известия” гуфтааст, ки системаи патенти барои Россия манфиатовар нест ва ҷорӣ намудани усули нави кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ имкон медиҳад назорат аз рӯйи шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бор фаъолияти меҳнатӣ машғуланд, пурзӯр карда шуда, даромади буҷҷаи давлат аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ба маротиб афзояд.
Муаллифони лоиҳа пешниҳод намудаанд, ки шаҳрвандони хориҷӣ минбаъд танҳо бо иҷозатномаи кор, яъне “Разрешение на работу” ба кор гирифта шуда, шароити кории муҳоҷирони меҳнатӣ ва сокинони маҳаллӣ баробар карда шавад.
Тибқи лоиҳаи нав минбаъд танҳо он ширкату корхонаҳое муҳоҷирони меҳнатиро ба кор гирифта метавонанд, ки барои қабули кормандони хориҷӣ иҷозатномаи расмӣ доранд. Дар сурати қабул шудани ин лоиҳа муҳоҷирони меҳнатӣ вазифадор мешаванд, ки тамоми андозҳои пешбинишуда ба пуррагӣ супоранд.