Барои ҷавон ва зебо мондан ба саломатӣ ва ғизои худ диққати ҷиддӣ додан лозим аст. Имрӯз мо ба шумо дар бораи хӯрданиҳое маълумот медиҳем, ки баъди 30-солагӣ зиёд истеъмол намуданашон ба саломатӣ зиён расонида, боиси пайдоиши ожангҳои бармаҳал ва пеш аз мӯҳлат пир шудани инсон мегарданд.
Шакар
Шакари аз ҳад зиёд метавонад боиси паст шудани ҳассосияти инсулин гардад. Илова бар ин, он пайдоиши ожангҳоро метезонад.
Намак
Истеъмоли хӯрокҳои аз ҳад шӯр ва сернамак метавонад фишори хунро баланд гардонида, хатари гирифторшавӣ ба инсултро зиёд созад.
Нӯшокиҳои спиртӣ
Калорияи машрубот ва нӯшокиҳои спиртӣ хеле баланд аст ва сатҳи инсулинро зиёд мекунад.
Кофеин
Кофеин ба системаи асаб таъсири манфӣ мерасонад, хобро халалдор мекунад. Набудани хоб ҷараёни пиршавиро метезонад.
Саршир-сливки
Саршир (сливки) хеле равғанин аст, вазни баданро зиёд намуда ба кори дил, буғумҳо, фаъолияти майна ва гормонҳо таъсири бад мерасонад.
Равғани зард
Таркиби равғанҳои трансӣ аз ҷумла равғани зард ба дилу буғумҳо таъсири бад дошта, боиси беморӣ мегардад.