Салом ба кулли муштариёни сомонаи Оила. ТЧ. Мехоҳам саргузаштамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам. Ман давраи кӯдакиамро дар хонаи кӯдакон гузарондаам.
Дар синни шашсолагиам маро оилаи бефарзанде фарзандхонд намуданд ва як ҷаҳон бо меҳру муҳаббат калон карданд. Бо падархонду модархондам хушбахту осуда зиндагӣ мекардам. Айни замон оиладор ва соҳиби чор фарзанд мебошам, вале...
Аҷоибот дар он аст, ки баъди 29-соли тӯлонӣ аз кучое падару модари аслиам пайдо шуда, гиряву нола доранд, ки онҳоро бубахшам.
Мегӯянд, ки дар вақташ ҳарду ҷавонӣ карда, пеш аз тӯй маро ба дунё овардаанд ва аз тарси падару модаронашон ва гапу калочаи мардум ночор ба хонаи кӯдакон супурда, забонхат навиштаанд ки аз ҳолам хабар мегиранд, вале бо ҳамин дигар имон наёфтанд, ки ба суроғам биёянд...
Сахт асабонӣ мешавам, ки волидони аслиам солиёни дароз кайфу сафо карда гаштаанду баъди 30-сол писарчае, ки дар якҳафтагиаш партофта буданд, ба ёдашон расидааст.
Ростӣ ман ба онҳо нафрат дорам, вале модархонди азизам мегӯяд, ки Аллоҳ меҳрубонӣ карда дар ин дунё онҳоро ба назди ту овардааст, гуноҳашонро бубахш ва дағалӣ накун...
Ман чашми дидани онҳоро надорам. Илтимос, маслиҳатам диҳед, чи кор кунам?
Файзиддин