Formula september
ПАРВИНА САФАРОВА: РОБИТАИ ОИЛА ВА КӮДАКИСТОН БОЯД ЗИЧ БОШАД
22.07.2023
ОИЛА
451

 

Муассисаи давлатии кӯдакистони №44-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аз соли 1954 фаъолият намуда, барои 160 нафар кӯдак сохта шудааст ва аз 5 гурӯҳ иборат мебошад.

Аммо, мувофиқи ғунҷоиш 170 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Дар кӯдакистон 29 нафар фаъолият менамоянд. Аз ин шумора 5 нафарашон равоншинос - педагоги томактабӣ, яъне мутахассиси соҳа мебошанд.
Таълиму тарбия аз хона оғоз меёбад, аммо бо тақозои замон ва сабабҳои корӣ бештари кӯдакон дар боғчаву кӯдакистонҳо тарбия мегиранд. Парвина Сафарова, мудири кӯдакистони мазкур, иброз дошт, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дуруст ба роҳ мондани тарбияи кӯдакон робитаи оила ва кӯдакистон бояд зич бошад.

“Кӯдакистони мо бо падару модари тарбиятгирандагони муассиса ҳамкории зич дошта, ҳамеша барои пешрафти кор якҷоя чораандешӣ менамоем. Зуд-зуд машварату маҷлисҳои падару модарон баргузор намуда, аз нуқсу камбудиҳои кори таълиму тарбия онҳоро огоҳ мекунем. Пеш аз он ки кӯдакро ба боғча ҷалб намуд, бояд аввал бо падару модари кӯдак машварат кард. Чун кӯдакон дорои психологияи гуногун мебошанд ва аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекунанд.

Қабули кӯдакон ба муассисаи мазкур аз синни 2,5-3 сола то 6-7 соларо дар бар мегирад ва таълиму тарбия вобаста ба хислатҳои кӯдакон ба роҳ монда мешавад. То давраи мутобиқшавии кӯдакон бо мураббия ва рафиқонашон падару модарон мувазаффанд, ки кӯдаконро барвақтар аз боғча гиранд”, - гуфт роҳбари муассисаи мазкур.

Бояд гуфт, ки машғулиятҳои кӯдакистон ба се гурӯҳ тақсим шуда, машғулиятҳои анъанавӣ, ҷамъбастӣ ва комплексӣ. Машғулияҳои анъанавӣ ҳар рӯз гузаронида мешавад, мувофиқи синну соли кӯдакон ба таври бозиҳои сода гузаронида мешавад. Бозиҳо низ ба гурӯҳҳо ҷудо мешавад, бозиҳои эҷодӣ, бозиҳои қоиданок ва бозиҳои серҳаракат. Бозиҳои эҷоди тариқи саҳнавӣ театрӣ гузаронида мешавад бозиҳои қоиданок бошад тариқи дидактикӣ ва бозиҳои серҳаракат ба гунаи тарбияи ҷисмонӣ гузаронида мешавад.
Машғулиятҳои кӯдакистон аз рӯйи барномаи рангинкамон иҷро шуда, тамоми машғулиятҳо тариқи бозӣ гузаронида мешавад, то ки барои кӯдакон дилгиркунанда набошад. Ғайр аз машғулиятҳо, инчунин забонҳои русию англисӣ, машғулиятҳои мусиқӣ низ дар боғча гузаронида мешавад. Таълимгирандагони кӯдакистон дар барномаву чорабиниҳои фарҳангии кӯдакситон ва ноҳия фаъолона иштирок намуда сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд. Мураббиёни кӯдакистон дар озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии сол” борҳо иштирок намуда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштаанд.
Ҳоло, ки дар ҳама кӯдакистонҳо давраи солимгардонӣ идома дорад, машғулиятҳо танҳо тариқи оббозӣ, қумбозӣ ва дигар бозиҳои ҷисмонӣ гузаронида мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД