Arzon march 2024
Паркинсон чи гуна беморист? ё чаро сар ва дасту пойҳои одам меларзанд?
11.04.2022
Оила
994

11-уми апрел дар сар то сари дунё “Рӯзи мубориза бо Паркинсон” эълон гаштааст. Сабаби дар ин рӯз ба ёд овардан аз ин бемории хеле ҷиддӣ дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯз-11 апрели соли 1755 Джеймс Паркинсон –табиб ва донишманди англис, кашшофи беморӣ ба дунё омадааст.
Паркинсон чи гуна беморист ва чаро дар сар то сари ҷаҳон ба он мубориза мебаранд?

photo_2022-04-11_13-19-40

Бемории Паркинсон яке аз касалиҳои хели ҷиддии майнаи сар буда, нишонаҳои нахустини он 12-15 сол пеш аз хуруҷи худи беморӣ пайдо мешаванд. Маъмулан беморӣ бо аломатҳои зер аз худ дарак медиҳад:
1. Гипосмия-суст шудани ҳисси бӯй ва дипрессия
2. Вайроншавии реҷаи хоб
3. Хастагии аз ҳад зиёд
4. Кашишхӯрии мушшакҳо
5. Вайроншавии ҷараёни мубодилаи моддаҳо дар организм ва халалдор гаштани кори системаи вегетативию асаби инсон
6. Пайваста ларзидани сар ва дасту пойҳои одам
7. Брадикинезия-суст шудани ҳаракат ва фаъолият
Беморӣ кӯҳна шавад, ҳиссиёти шаҳвонӣ низ тамоман суст шуда, инсон пешоби худро нигоҳ дошта наметавонад. Гирифторони бемории паркинсон ҳамеша ошуфтаву хавотир буда, бар асари ин касалӣ хотира заиф ва фаъолияти ақлонии инсон суст мешавад. Маъмулан ларзиши сар ва дасту пойҳо баъди 50- солагӣ дар гирифторони Паркинсон бештар ба мушоҳида мерасад, ки сабабаш вайроншавии ҳуҷайраҳои майнаи сар бар асари норасоии коркарди дофамин мебошад.
Бо мушоҳида намудани нишонаҳои аввалини беморӣ ҳаман ба табиби асабшинос-невропотолог муроҷиат намудан лозим аст. Барои аниқ кардани беморӣ маъмулан ба беморон ташхисҳои компютерии МРТ ва КТ, ҳамчунин электроэнцефалография мефармоянд.

photo_2022-04-11_13-19-43
Паркинсон табобати 100% надорад, вале бо усулҳои муосир шиддати бемориро суст, ларзиши дасту пойҳоро камтар ва ҳаёти маризро сифатан беҳтар гардонидан имконпазир аст, ба шарте, ки сари вақт ба табибон муроҷиат намуда, табобати фармуда шударо ба пуррагӣ бигирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД