21-уми июни соли равон қалби Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, яке аз сарояндагони хушноми тоҷик, ҳунарманди соҳибсабк Парда Қосим аз тапидан бозмонд. Ӯ ҳунарманде буд, ки бо садои махмалин, сурудҳои дилнишин ва шеваи хоси овозхонӣ дар қалби мардум ошён гузошта буд.
Дар ҳуҷҷатҳои расмӣ санаи таваллуди Парда Қосим 13 октябри соли 1947 сабт шудааст. Вале дар як мусоҳиба худаш таъкид мекунад: “Ман соли 1946 дар деҳаи Тудараки колхози Томини ноҳияи Колхозободи вилояти Кӯлоб таваллуд шудаам. Ин ноҳия баъдан номи Аралро гирифт ва ҳоло ноҳияи Восеъ аст. Падару модарам деҳқон буданд...”.
Дар хонаводаи деҳқон таваллуд шуда бошад ҳам, Парда Қосим аз даврони кӯдакӣ ба мусиқӣ дил баст. Аввал дар маҳфилҳои ҳаваскорони мактаб, баъдан, дар чорабиниҳои ноҳиявӣ суруд мехонд. Ҳамин аст, ки моҳи августи соли 1959, вақте 13- сола буд, дар озмуни ҳаваскорони санъат ширкат кард ва бо намояндагӣ аз вилояти Кӯлоб дар як ҳайат бо Қосими Ҳошим ва Одинаи Ҳошим ба Душанбе омад ва дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ ғазали:
Мурғи беболу паре дидам, дилам омад ба ёд
Нолаи чуғзе шунидам, манзилам омад ба ёд,
-ро бо маҳорати хос иҷро намуд ва соҳиби баҳои баланди ҳакамон ва тамошобинон шуд.
Дар даврони наврасӣ падару модарашро аз даст дод. Заҳри ятимиро чашид ва азоби сангини рӯзгорро пушти сар кард. Барои пайдо кардани як бурида нон подабонӣ мекард. Вале аз ҳунар дил наканд. Рӯзҳо пушти пода суруд мехонду шомҳо маъракаи мардумро обод мекард. Дар синни 16-солагиаш овозаи ӯро шунида, роҳбарияти ноҳияи Панҷ ӯро ба хонаи фарҳанг ба кор даъват карданд. “35 сӯм маош мегирифтам ва боз дар маъракаҳо хизмат карда, 2-3 тангаи дигар пайдо мекардаму бори зиндагиро мекашидам” – мегӯяд, ӯ. Ҳамин тавр, 37 сол овозхон ва баъдан, роҳбари бадеии ансамбли тарона ва рақсии «Шодӣ»-и ноҳияи Панҷ буд.
Гарчанде дар музофот зиндагиву эҷод мекард, вале пайваста бо тозакориҳои ҳунарӣ тариқи телевизион ва радио ҳунарнамоӣ мекард, меҳмони ҷашнвораҳои пойтахт буд. Ҳамчунин, ба кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва хориҷи он ҳам сафарҳои ҳунарӣ анҷом дод. Соҳиби шуҳрату обрӯ шуд. Соли 1987 бо Ордени “Нишони фахрӣ” ва соли 1990 бо унвони Ҳунарпешаи хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон сарфароз гардид.
Солҳои 90-ум бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ, дар музофот фаъолият кардани ансамбли “Шодӣ” ғайриимкон шуд. Парда Қосим бо даъвати роҳбарони вақт ба Душанбе омад. Аз соли 1996 то вопасин рӯзҳои умр овозхони ансамбли рақсии “Лола” буд...
Парда Қосим аз зумраи ҳунармандоне буд, ки сабки вежаи овозхонӣ дошт. Дар мусоҳибаҳояш таъкид мекард: “Ман аз се мактаб гузаштам: мактаби Зафар Нозим, Одина Ҳошим ва Ҷӯрабеки Мурод, баъд Парда Қосим шудам!”. Мавриди зикр аст, ки ӯ мактаби ин устодонро ба таври худомӯз гузаштааст. Гарчанде дар ҳолномаи ӯ навишта шудааст, ки соли 1965 Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рудакӣ)-ро хатм кардааст, вале худ дар мусоҳибаҳо мегуфт: “Ман ҳамагӣ то синфи 4 мактаб хондаам, дар ягон донишгоҳ таҳсил накардаам, до ре ми... -ро намедонам...”. Яъне, ӯ санъаткори худодод буд ва дар мактабҳои сурудҳои халқӣ ва оҳангҳои классикӣ ба воя расида, худ ба пояи устодӣ расид. Соли 2001 унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон насиби ӯ шуд.
Агар ба эҷодиёти Парда Қосим назар кунем, онро метавон чунин, тасниф кард:
1. Ғазалсароӣ. Тавре ишора шуд, аввалин суруде, ки ӯ дар саҳнаи калон иҷро кард, ғазале аз Сайидои Насафӣ буд. Соли 1971 бошад, аввалин оҳанги худашро бо ғазали машҳури Хоҷа Ҳофиз “Сина моломоли дард аст...” эҷод кард. Парда Қосим яке аз беҳтарин сарояндагони ғазалсаро аст. Ба эҷодиёти Хоҷа Ҳофиз, Саиб, Бедил, Сайидо, Саъдӣ ва дигар классикон оҳанг баста, онро бо маҳорати баланд ва бо сабки вежа месароид. Бартарии Парда Қосим дар он буд, ки шеърро мешинохт, мақсади шоирро дарк мекард ва мувофиқ ба шеър оҳанг месохт. Ҳамин аст, ки ғазалиёти классикон дар иҷрои Парда Қосим ба қалби шунаванда зуд роҳ меёфт;
2. Сурудҳои халқӣ. Чун ӯ солиёни зиёд роҳбари ансамбли тарона ва рақси “Шодӣ” буд, бештар ба осори шифоҳии мардум ва суруду таронаҳои халқӣ такя мекард. Суруди машҳури “Қошуқ метрошум”-ро бори аввал Парда Қосим дар коркарди нав ба саҳна гузошт. Ӯ бо иҷрои сурудҳои халқӣ на танҳо саҳнаҳои пойтахт, балки кишварҳои Шӯравӣ ва хориҷ аз онро низ тасхир кард, аз ҷумла Афғонистон, Эрон, Яман, Испания ва ғ.
3. Сурудҳои лирикӣ ва шӯх. Парда Қосим беҳтарин иҷрокунандаи сурудҳои ишқӣ ва шӯх буд. Кифоя аст, ки сурудҳои «Ман масту ту девона», «Эй ошиқон», «Сайри лолазор», «Абрӯ мапаррон», «Сайри лолазор», «Ошён монад», «Мардумаки дида», «Маҳтобаки ман», «Дило», «Қаламқош», «Бӯса ба дарё задам», «Афсона хоҳам шуд», «Шаби барфӣ»-ро мисол оварем, ки вирди забони хосу оманд;
4. Сурудҳои ватандӯстӣ. «Бародарам», «Сурӯши Сталинград», «Наврӯзи оворагӣ», «Наврӯз ҷаҳонӣ шуд», «Гаҳвораи Сино» ва ғ. аз зумраи сурудҳои ватандӯстонаи Парда Қосим ҳастанд, ки бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи худшиносиву ватандӯстии мардум эҷоду иҷро шудаанд. Вале шиносномаи ӯ ҳамчун сароянда суруди “Тоҷикистон аз манӣ” аст, ки нафаре нест, ки онро надонад ва дӯст надорад.
Метавон хулоса кард, ки Парда Қосим ҳунарманде буд, ки доманаи эҷодиёташ фарох буд. Ҳам сурудҳои ҳузнангез, ҳам шӯху рақсӣ, ҳам лирикӣ, ҳам бадеҳа ва ҳам сурудҳои ватандӯстонаро бо маҳорати баланд иҷро мекард ва аз ҳама муҳим қалби мухотабашро тасхир карда метавонист. Ва мардум ҳам ӯро дӯст медошт. Ин бузургтарин дастовардаи ҳунарманд аст.
Мутаассифона, Парда Қосим дар авҷи камолоти эҷодӣ бемор шуд ва аз саҳна дур гардид. Вале ҳамеша мегуфт, ки аз сарнавишти хеш розӣ аст. “Ман сағера будам. Бо дастгирии мардуми шарифи кишварам Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шудам. Мефахрам, ки софдилона ва содиқона ба миллатам хизмат кардам. Нони ҳаром нахӯрдаам. Аз кӯдакӣ подабонӣ мекардам, оши ҳалол мехӯрдам. Ними нон, як каф қурут, як коса ҷурғоте, ки соҳиби чорво бегоҳ ба подабон медиҳанд, оши ҳалол мегӯянд. Сахтӣ кашидам, вале ҳаром нахӯрдам. Шукр, соҳиби ҳама чиз шудам...”,- бо ифтихор мегуфт Парда Қосим.
Одил НОЗИР