Ҳангоми интихоб намудани васӣ, мақомоти васоят ва парасторӣ кадом ҳолатҳоро ба эътибор мегиранд?
Савфатулло, ш.Ваҳдат.
Васояту парасторӣ аз тарафи мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлати, ҷамоатҳои шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳот маҳали истиқомати шахсе, ки бояд таҳти васоят ва парасторӣ гирифта шавад ё маҳалли истиқомати васӣ ё парастор муқаррар мешавад.
Мувофиқи қонун, ҳангоми ба кӯдак таъин намудани васӣ ё парастор бояд сифатҳои шахсии васӣ (парастор), ба иҷрои ӯҳдадориҳои васӣ (парасторӣ) қодир будани ӯ, муносибатҳои байни ӯ ва шахси мӯҳтоҷи васоят ё парасторӣ, муносибати аъзои оилаи васӣ (парастор) нисбат ба кӯдак, инчунин дар сурати имкон хоҳиши худи кӯдак ба инобат гирифта мешавад.
Таъин намудани парастор ба шахси болиғи қобили амал, ки бинобар аҳволи саломатиаш барои татбиқи мустақилонаи ҳуқуқ ва иxрои ӯҳдадориҳояш имконият надорад, танҳо бо розигии шахси таҳти парасторӣ гирифташаванда сурат гирифта метавонад.