Хадамоти иттилоотии Нерӯҳои ҷабҳаи муқовимати Милли Афғонистон хабар медиҳад, ки шаби гузашта Толибон аз даромадгоҳи асосии Панҷшер бо ҷанговарони зиёд ҳуҷум карданд, вале дар набард аз ҷониби ҷанговарони Ҷабҳаи муқовимати Миллӣ шикаст хӯрданд.
-Дар ин набард 200 ҷанговари Толиб кушта шуда, беш аз 80 нафар асир афтоданд. Наздики 16 танки тамғаи хаммер, 100 силоҳи оташфишони тамғаи калашников ва дигар лавозимоти ҷангиро ҷангварони Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ тасарруф намуданд,- хабар медиҳад Абдул Рауф қумандон.
Тибқи маълумоти Баёнияи расмии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон толибон санаи 1-уми сентябр эълом кардаанд, ки бинобар самар надодани гуфтугӯ бо Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон, ҳамлаҳояшонро ба Панҷшер ва Андароб оғоз карданд, аммо ҳақиқат ин аст, ки ҳамлаҳо пеш аз Эъломияи расмии Толибон ба Панҷшер шурӯъ шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки санаи 30-юми август Толибон аз Даҳана ё Тангии Панҷшер ҳуҷум карданд. Дар рафти задухӯрд 7-8 ҷанговарони Толиб кушта шуда, маҷбур ба ақибнишинӣ гаштанд. Дар ин бора Фаҳими Даштӣ, сухангӯи муқовимати миллии Афғонистон хабар дода буд.
Пеш аз ин, Толибон ба Андароб, ки ягона роҳи осони ворид шудан ба Панҷшер мебошад, ҳуҷуми мусаллаҳона кард, ба шикаст дучор гаштанд.
Вилояти Панҷшер-ягона марзест, ки аз тасарруфи Толибон берун мондааст. Дар ин мавзеъ Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ бо роҳбарии Аҳмад Масъуд-писари Қаҳрамони Миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд бар зидди Толибон муборизаро барои озодии Афғонистон идома дода истодаанд.