goodwell
Панелҳои нави офтобӣ барои хонаҳо
13.10.2026
Оила
52

Се тарҳи насби панелҳои офтобӣ барои хонаҳо таҳия шуд

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҶСК «Системавтоматика» ва Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар» се тарҳи намунавии нерӯгоҳҳои офтобиро барои манзилҳои истиқоматӣ таҳия кардааст.
Тавре аз иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои об бармеояд, тарҳҳои мазкур се гузинаи насби панелҳои офтобиро дар бар мегиранд:
Иқтидори 5 кВт — барои насб дар боми хона;
Иқтидори 15 кВт — барои насб дар боми ҳамвори хона;
Иқтидори 15 кВт — барои насб дар қитъаи замини назди хона.
Тарҳҳои таҳияшуда талаботи лоиҳавию техникии насби нерӯгоҳҳои барқи офтобиро муайян намуда, метавонанд ҳамчун намуна барои интихоби мувофиқтарин роҳи истифодаи энергияи офтобӣ дар манзилҳои истиқоматӣ хизмат кунанд.
Таҳияи чунин тарҳҳо ба фароҳам овардани заминаи техникӣ барои истифодаи васеътари манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва таъмини эҳтиёҷоти хонаводагӣ бо нерӯи барқи офтобӣ мусоидат менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД