formula feb 2025
Панҷакент: Варзишгоҳи марказӣ таъмир мешавад
304

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент таъмир мешавад.

Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, соли 2024 бо маблағгузорӣ аз буҷети маҳаллӣ майдон, нишастгоҳҳо, ҳуҷраҳои ивази либос ва шустушӯи варзишгарон мутобиқ ба меъёрҳои муқаррарнамудаи Федератсияи футболи Тоҷикистон таъмиру таҷдид шуда, бозиҳои дастаи футболи «Саразм» дар ҳайати Лигаи якуми футболи мамлакат дар ин ҷо баргузор шуданд.

- Соли равон толор барои тамрину мусобиқаҳои гӯштин ва дигар навъҳои варзиш таъмиру таҷдид карда мешавад. Ҳоло дастаи футболи «Саразм», ки дар мавсими гузашта дар Лигаи якум дар қатори шаш дастаи аввал ҷой гирифт, ба мавсими нав омодагӣ мегирад,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД