Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро кард. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.
Даъвати тирамоҳии ҷавонмардон ба хизмати аскарӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, гузаронида шуда, дар мавсими имсола ҷавонони солҳои таваллудашон 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», мавсими даъвати тирамоҳӣ ҳар сол аз 1-уми октябр оғоз ёфта, то 30-юми ноябр давом мекунад.