arzon replenishment
Панҷакент: Covid-19 Хусейнзодаро аз байн бурд
3172

Фарход Хусейнзода, проректори Донишгоҳи давлатии Данғара бинобар гирифтор шудан ба бемории коронавирус чанд лаҳза пеш дунёро падруд гуфт. 

Тавре як манбаъ бидуни ному насабаш ба хабарнигори сомонаи Оила хабар дод, Ҳусейнзода чанд ҳафтаи охир аз бемории коронавирус ранҷ мекашид ва билохира ин дарди қаттол дар мубориза ӯро мағлуб намуда, аз байн бурд. 
Ҳамчунин хабари марги Фарҳод Ҳусейнзодаро писарамакаш, шореҳи варзидаи футбол Аловиддин Буриев дар саҳифаи фейсбукиаш тасдиқ намуда, аз даргузашти амакаш ба ҳамагон аввалиншуда хабар додааст. 

Гуфтан ба маврид аст, ки Фарҳод Ҳусейнзода, зодаи шаҳри Панҷакенти бостонӣ буд ва то охирин нафас дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Данғара ба ҳайси проректор кору фаъолият менамуд.

Ҷанозаи марҳум бо расму анъанаҳои духтурони беморхона дар зодгоҳаш шаҳри Панҷакент баргузор мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД