Formula novemver 2024
Паҳлавони тоҷик соҳиби медали биринҷӣ шуд
1049

Паҳлавони ҷавон ва номдори тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионатии ҷаҳон оид ба дзюдо ғолибият ба даст оварда, парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт. Ин ғалаба номи Сомон Маҳмадбековро дар радифи варзишгарони номдори ҷаҳон қарор дода, мавқеъи ин паҳлавони тоҷикро дар олами варзиш боз ҳам устувортар мегардонад.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо байни калонсолон дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҷараён дошта, паҳлавони 25-солаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар ин мусобиқа варзишгари фаронсавӣ Даниил Зубкоро мағлуб намуд ва ба гирифтани медали биринҷӣ сазовор гашт.

Сомон дар даври дуюм ба Франк Де Вит аз Нидерланд пирӯз шуда, дар даври ҳаштякфиналӣ Абдулраҳмон Абдулғании мисриро шикаст дод, вале дар чорякфинал Тато Григалашвилии гурҷӣ, ки дар соли 2023 қаҳрамони ҷаҳон гашта буд, ӯро мағлуб намуд.

Қобили ёдоварист, ки дар таърихи дзюдои тоҷик дар чемпионати ҷаҳон ин дуюмин медал ба шумор меравад. Медали аввалинро 17 сол пеш паҳлавони машҳури тоҷик Расул Боқиев дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ба даст оварда буд.

Хотиррасон менамоем, ки Сомон Маҳмадбеков соли 2019 ба унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба дзюдо дар байни ҷавонон шарафёб гашта, ҳамзамон барандаи медали тиллои Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин, соҳиби медалҳои нуқра ва ду биринҷии қаҳрамонии Осиё, медалҳои тилло ва биринҷии Grand Slam ва медали тиллои Гран-Прии Душанбе мебошад.

Тавре ки Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) иттилоъ додааст, дар чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, ки дар пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб – шаҳри Абузабӣ идома дорад, 658 варзишгар аз 107 кишвари олам иштирок доранд, ки 349 нафарашон мардон ва 309 нафар занон мебошанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 9 варзишгар шомиланд. Инҳо: Муҳаммадсолеҳ Қувватов -66 кг, Обид Ҷебов -66 кг, Эмомалӣ Нуралӣ -73 кг, Беҳрӯзи Хоҷазода -81 кг, Сомон Маҳмадбеков-90 кг, Комроншоҳ Устопириён -90 кг, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода -100 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов +100 кг ва Темур Раҳимов.

Чаҳор паҳлавони номдори тоҷик - Комроншоҳ Устопириён, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (ҳарду дар взни то 90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) дар ду рӯзи боқимондаи мусобиқаи инфиродии дзюдо дар Абузабӣ вориди рақобат мешаванд.

Барои ғолибият дар ин мусобиқа дар баробари медалу имтиёзҳо ҳамчунин мукофотҳои пулӣ пешбинӣ шудааст. Ҳаҷми мукофот барои ҷойи аввал 26000 евро, барои ҷойи дуюм 15000 евро ва барои ҷойи сеюм 8000 евро мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД