Имрӯз варзишкори варзида, дорандаи медали биринҷии бозиҳои Олимпӣ, Расул Боқиев 38-сола шуд.
Дар сӯҳбати кӯтоҳи худ бо Азиа-Плюс, Расул гуфт, ки зодрӯзашро дар ҳалқаи дӯстон, наздикон ва шогирдонаш ҷашн мегирад. Ба гуфтаи Расул Боқиев, барои таълими хуби гуштингирӣ ба 120 шогирдаш, ӯ ният дорад дар шаҳри Маскав маҷмааи варзишии бисёрфунксионалӣ созад.
«Мо аз кор дар муассисаҳои таҳсилотӣ каме хаста шудем ва мехоҳем маҷмааи хусусии варзиширо кушоем. Шумораи шогирдонам рӯз то рӯз меафзояд. Барои хуб тамрин кардан, мо бояд барои онҳо шароитҳои беҳтаринро муҳайё кунем. Бо дастгирии соҳибкорон мо мехоҳем ин орзуро ҳарчи зудтар амалӣ кунем ”, - гуфт варзишгар.
Панҷ сол пеш Боқиев мехост чунин як маҷмааи варзиширо дар Тоҷикистон кушояд, аммо бар асари баъзе мушкилиҳо ин корро карда натавонист.
Расул гуфт,ки тақрибан 70%-и шогирдонаш тоҷикзабон ҳастанд.
“Мактаби варзишии дар шаҳри Маскав буда бар асари паҳншавии Коронавирус 4-моҳ баста буд. Мо санаи 23-июл дари онро ба рӯи варзишгарони навомӯз кушодем”, мегӯяд ин устоди варзиш.
Расул санаи 29-сентябри соли 1982 дар ноҳияи Рудакӣ, дар оилаи варзишгари машҳур Худойназар Боқиев ба дунё омадааст. Расул Боқиев дорандаи медали биринҷии бозиҳои Олимпии соли 2008 дар Пекин, медали биринҷии чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар шаҳри Рио-де-Жанейро дар соли 2007 ва қаҳрамони кружокҳои варзишии ҷаҳонӣ дар солҳои 2007, 2010, 2011 ва 2012 мебошад. Ҳоло ин ҷавони паҳлавон дар шаҳри Маскави Русия фаъолият менамояд.
Баъди куч бастан ба Русия Боқиев унвони қаҳрамони варзиши ҷумҳуриро соҳиб гашт.