Маҳсулоти зарурӣ:
гирдкаду – 1 дона;
биринҷ - 300 гр;
Пиёз – 2 дона;
равған – 2 қошуқ;
Зардчӯба – 1,5 қошуқча;
об – 300 мл;
намак ва мавиз мувофиқи табъ
Тарзи таҳия:
Думчаи кадуро гирди ҳамвор бурида, даруни онро пок месозем. Ҳамон тавре ки зери он сӯрох ё тарқиш нагардад, вагарна биринҷ намепазад. биринҷро шуста, тар мекунем. Пиёзро чоркунҷа реза карда, сабзиро аз дандонаҳои калони турбтарошак мегузаронем. Пиёзу сабзирото тиллоранг шудан мезирбонем.рӯи варақи тафдон фолга густурда, кадуро мегузорем ва ба даруни он биринҷ, пиёз ва сабзии намакзадаро ҷой медиҳему об мерезем. Болои кадуро бо думча ва фолга мепӯшонем ва дар ҳарорати 220 дараҷа 1,5 соат даруни тафдон мегузорем. баъди пухтан мавизро ба он ҳамроҳ карда, 10дақиқа дам медиҳем.