Сомонаи ОИЛА бо хоҳиши зиёди мухлисонаш тасмим гирифтааст, ки фардо 27 марти соли ҷорӣ пахши мустақими "онлайн"-ро бо шаҳрвандони хориҷӣ кишвар ба роҳ андозад.
Пахши мустақим дар ютубканали Oila. tj сурат мегирад. Шумо метавонед ба канали мо ворид шуда, дар шарҳ (комментария) саволҳои худро нависед ва ё пешакӣ ба рақамҳои (+992) 931807781 ва (+992) 938775114 занг зада, суолу дархостҳои худро пешниҳод намоед. Сари вақт ровии пахши мустақим Дурахшони Ортиқ бо мутахассисони соҳаи тиб ва муҳоҷират ҳамсӯҳбат гашта, ба суолу дархостҳои шумо посух медиҳад.
Фаромӯш насозед, фардо соати 12:00 ба вақти Душанбе пахши мустақими моро пайгирӣ намоед!