Маҳсулоти лозима:
- Ним стакон об
- 1 дона - зардии тухм
- 2 қошуқ – ҷурғот
- 2 50 грам – маска
- 10 грам – маводи ковоккунанда
- 3 – 4 стакон – орд
- 400 грам – чормағз, писта
- Маҳсулоти шарбат:
- 3 стакон – шакар
- 2,5 – об
Тарзи таҳия:
Дар зарф ним стакон об, каме намак, 2 қошуқ ҷурғот, 1 дона зардии тухм, 2 қошуқ маска, 3 – 4 стакон орд, маводи ковоккунанда илова карда, ҳамаашонро бо дастамон хуб омехта мекунем. Хамирро 30 дақиқа дам медиҳем, баъдан ба 16 зувола тақсим мекунем. Зуволаҳоро бо крахмали ҷугорӣ тунук мекунем.
Ҳамаи зуволаҳоро 4 қисм болои ҳам гузошта тунук мекунем, чормағзу пистаро майда карда дар байнашон мепочем ва мепечонем. Баъдан ба қолаби махсус гирифта пахлаваҳоро дар он мегирем. 250 грам маскаро об карда ба он каме равғани растанӣ илова мекунем ва аз болои пахлава мерезем. Дар тафдон дар 180 дараҷа 45 – 50 дақиқа то пӯхтанаш меистад.
Барои шарбаташ 3 стакон шакар, 2,5 стакон об ва 1 порчаи лимон якҷоя карда, дар оташи миёна меҷӯшонем. Пахлаваҳо ки сурх шуданд мемонем каме хунук шаванд ва шарбатро аз болояшон мерезем. Пахлаваҳоро бо писта оро медиҳем ва мемонем 1 соат дам гиранд.
Бо иштиҳо бошед!