Formula novemver 2024
Паёмадҳои сел дар Кӯлоб, Дарвоз ва Сангвор
240

Боронҳои шадиди дар рӯзҳои истироҳат борида боиси омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон гашт. Ин ҳолат боиси мушкилот дар ҳаракати нақлиёт дар бархе аз минтақаҳо гаштааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар додааст.

Рӯзи 26-уми октябри соли 2024, соати 03:00 баъди боронҳои шадид дар километри 301-уми шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ, ки аз ҳудуди деҳаи Хостави ноҳияи Дарвози ВМКБ мегузарад, сел омад ва роҳи мошингардро муваққатан баст. Вазорати наклиёти ҷумҳурӣ барои бартараф кардани паёмади нохуши сел техникаи махсус ҷудо кард ва ҳоло корҳо барои тоза кардани роҳ аз селовардаҳову сангу шағал идома дорад.

Соати 03:30 дар километри 288-уми шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ, ки аз ҳудуди шаҳраки Яхчипуни ноҳияи Шоҳини вилояти Хатлон мегузарад, бар асари боришоти шадиди борон сел омад. Бар асари ин ҳодиса ва сарозер шудани регу гил роҳ баста шуд. Барои анҷом додани корҳо ҷиҳати рафъи вазъи мавҷуда хадамоти роҳи ноҳия техникаи махсус ҷудо намуда, корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома дорад.

26-уми октябри соли 2024, соати 07:30 дар километри 1-уми шоҳроҳи Лаби Ҷар - маркази ноҳияи Сангвор сел ҳаракати нақлиётро дар минтақа номумкин кард. Дар айни замон бо истифода аз техникаи хадамоти роҳи ноҳия корҳои рафъи паёмадҳои сел идома доранд.

Хушбахтона, ин офоти табиӣ талафоти ҷониву хисороти дигар надоштаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД