Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак ҳуқуқҳои зеринро доранд: ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакро ҳимоя намоянд; муассисаҳои таълимиро интихоб намоянд.
Дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла назорати сатҳу сифати таълим ва донишомӯзии кӯдак дар муассисаҳои таълимӣ иштирок ва мусоидат намоянд, дар фаъолияти мақомоти худидоракунии муассисаи таълимӣ иштирок намоянд.
Дар моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ҳамчунин омадааст, ки падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак ҳуқуқ доранд, ки аз операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ дар бораи аз тарафи кӯдак истифода шудани хизмати алоқаи барқӣ маълумоти дахлдорро ба таври ройгон гиранд.
Волидон ҳуқуқ доранд, ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи кӯдак ба муассисаи таълимӣ муроҷиат кунанд; азхудкунии барномаҳои таълимиро назорат намоянд.
Ба раванди таълиму тарбия, мазмуни таҳсилот, давомот ва сатҳу сифати донишомӯзии кӯдак шинос шаванд. Ба фаъолияти муассисаи таълимие, ки кӯдак дар он таҳсил мекунад, мусоидат намоянд.
Бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати таълиму тарбияи кӯдак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома банданд; нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми аз ҷониби онҳо монеа эҷод кардан ба таълиму тарбияи кӯдак ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоянд.
“Аз имтиёзҳои пешбинишуда тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд ва дигар ҳуқуқҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ намоянд»,- омадааст дар ин моддаи қонун.