Қалби қиблагоҳи овозхони саршиноси тоҷик Валиҷон Азизов дар синни 76 солагӣ аз тапидан боз монд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба даргузашти падари Валиҷон Азизов, ёру дӯстон ва ҳаводорони санъати ин сароянда изҳори тасалият намуданд.
Дар ин замина расонаҳои хабари низ аз фавти падари овозхон хабар дода, навиштаанд, ки шоми дирӯз Абдуҳафиз Азизов, падари Валиҷон Азизовбар асари бемории қалб ҷаҳони фониро тарк гуфт.
Абдуҳафиз Азизов соли 1945 дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаби миёна чандин сол дар замони Шӯравӣ дар як коргоҳи нонпазӣ фаъолият намудааст. Солҳои охир ӯ ҳамроҳи фарзандонаш саргами кору рӯзғор буд.
Ҷанозаи падари овозхон, зуҳри дирӯз дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба хок супорида шудааст.