arzon replenishment
ПАДАРИ СИЁВУШ: АГАР ФАРЗАНДИ ШУМО МЕБУД ЧӢ КОР МЕКАРДЕД?
6769

Дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе бар асари афтидани оҳанпора аз бинои навсохти баландошёна, ки ҳанӯз сохтмонаш идома дорад, ҷавони 25-солаи зодаи ВМКБ аз чор ангушти пой маҳрум гаштааст. Ҳодисаи мазкур як моҳ қабл дар пойтахти кишвар рух дадааст.

Дар сӯҳбати видеоӣ бо журналистон ҷабрдида, Сиёвуш Акобиршоев ҳодисаи мудҳиши бо ӯ рухдодаро ба таври зайл шарҳ додааст: “Ҳангоми гузариш аз роҳи бинои истиқоматӣ ба роҳи асосии мошингард овози посбони биноро шунидам, ки тарафам хитобкунон”дав!” мегуфт. Мақсади хитоби ӯро нафаҳмидаму беихиёрона аз зери девор ба тарафи чап давидам, ки ногаҳон овози бо шамол омехтаро шунидаму ашёи номаълум аз ошёнаи баланд омада ба поям зад. Ҳамон дам ба замин ғалтидаму чашмам ба пойи ростам афтид. Пойафзолам кайҳо аз поям баромадаст. Поям оғуштаи хун буду устухонҳои поям намоён буданд”.
Ин ҷавони ҷароҳати сахт бардошта, хатмкардаи Донишгоҳи славянӣ буда, ният доштааст, ки ба кор дарояд. Аммо маъюб шудани пойи ӯ ояндаашро зери суол гузошт, чун ба гуфти духтурони беморхона барои пурра барқарор шудани саломатии ин ҷавон тақрибан як сол лозим меояд.

“Пас аз аз оне, ки таъсири “наркоз” гузашт ба худ омадаму дидам, ки ангуштони пой ва қисме аз кафи поямро буридаанд. Бароям тавзеҳ доданд, ки устухонҳои поям беҳад нарма шудаанд ва барои барқарор намудани ангуштону қисми кафи пой имконият набуд”- қисса мекунад ҷабрдида.
Бинои сохтмонӣ мутааллиқ ба ширкати “Ёқут-2000” будааст.
Пайвандони Сиёвуш мегӯянд, ҳарчанд ҳодиса дар назди бинои “Ёқут-2000” рух додааст, намояндагонаш натанҳо ҷуброн напардохтанд, балки ба аёдат наомаданд.

“Агар фарзанди Шумо мебуд, чӣ мекардед?”
Таҷаммулшоҳ Акобиршоев, падари Сиёвуш, рӯзи 9-уми март гуфт, “фақат як нафарро мефиристанд, ки ӯ дору меорад. Аз роҳбарияти ширкат то ҳол касе наомад ва напурсид. Ба раиси ширкат як суол доштам, ки ояндаи ин бачаро чӣ хел фикр мекунед? Агар фарзанди Шумо мебуд, барои ояндааш чӣ кор мекардед?”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД