Arzon march 2024
ПАДАРИ ШУКРОНА: ҚОТИЛОН ДУХТАРАМРО БЕРАҲМОНА КУШТАНД!
25.08.2020
Р. Азимӣ
4740

Салом хонандагони сомонаи “Оила”! Ман падари ҷигарпораи Шукронаҷон Хайдаров М.Н мебошам, ки айни ҳол дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорам. “Тафсилоти куштори хунин дар Айнӣ, аввал кушту баъд ба дор овехт”-ин саргузашти ҷигарбанди ғӯрамарги ман аст, ки хабарнигори “Оила” барои фаҳмидани асли ҳодиса ба хонаи ман рафтааст.

Шукрона фарзанди калонии ман буд. Аз сабаби тақдири пасташ бошад ё ин, ки пешонии шӯри ман бошад, ки дар зиндагнияш, ки аз ду бахт ҳам рӯз надид, ӯро наҷот дода натавонстам. Барои духтарамро аз оташи дӯзахи Ҷӯрабой раҳо кардан, фурсат даст надод ва акнун мисли ҳезуми тар дар даруни оташкоб месӯзаму дарун ба дарун месӯзам.

Дар зиндагӣ соҳиби 7 фарзанд будам. Мутаасифона яктояш, духтари нозанинам аз бари мо ба хоби ноз рафт. Сабабаш ҳамон қотили ваҳшӣ, ки бераҳмона ва ваҳшиёна фарзанди маро ба ҷонаш ҷабр карда кушт ва хост, ки бо тӯҳмат ба ҳама бигӯяд, ки ҳамсараш худкушӣ кардаас. Худоро шукр мегӯям, ки ин ҳодис апинҳон намонд ва ҳақиқат рӯи об баромад, ки дар куштори духтарам кӣ даст дорад.
Ростӣ, ҳочат ба пурра нақл кардани ман нест, барои ҳама маълум аст, ки дар бораи ин ҳодиса ҳамсарам ва хешу ақрабоям ба шумо пуратар қисса кардаанд. Ман, ки худ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорам, хабари марги духтарамро шунида, хун гиристам ва ба ҷанозаи ҷигарбандам иштирок карда натавонистам. Афсӯс мехӯраму халос,охир дигар чора ҳам нест . Ин дарди сӯзноне, ки тамоми вуҷудамро месӯзонад, хусусан хабари марги ҷигарбандатро дар ғарибӣ дур аз эшон мешунавӣ, таҳаммул карданаш душвор аст. Дардамро худам медонаму Худованди тори сар. Бисёр аламовар аст, бисёр дарднок аст, ки бо азобу шиканҷаи бераҳмона духтарамро зада кушиву бо болои ин ором нагашта, ба ҳалқаи дор бурда овезӣ?! Ин хел ваҳширо чӣ гуна инсон гуфтан ном бурдан мумкин аст? Ҳайфи номи одамӣ, ки ба чунин қатли ваҳшиёна даст заниву боз дар байни мардуми Айнӣ бигардӣ. Вой бар ҳоли одаме ,ки чунин фарзанди беномусу зиштрӯ ба дунё овардааст ва чунин фарзанд тарбият кардааст. Дардам зӯрӣ кард, мардум ва маҷбур шудам, ки барои ҷилави ин коро кашидан ба сомонаи расмии Ҷаноби олӣ шикоят барам ва буду шуди кори ин ҳайвони одамкушро нақл кунам. Ҳамчунин хоҳиш кардам, ки ин коро таҳти назорати қатьӣ гиранду ҷиняоткор ҷазои худро бинад. Ғайр аз ин ба прократураи Генералии шаҳри Душанбе азрамро навишта фиристодам, то қотил аз рӯи чорчӯбаи қонун ҷазои сахтарин таьин карда шавад. Илтимос ва боз ҳам илтимосам аз шумо Ҳукумати кишвар, муҳтарам Рустами Эмомалӣ!
Оон касоне , ки дар қатли духтари ман даст доранд, бе ҷазо намонанд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД