Ҳамеша ёди падар мекунам, ёди падаре, ки моро дар нимароҳи зиндагӣ танҳо гузошту рафт. Ҳамеша дар зеҳнам як савол чарх мезанад: Модарам чӣ гуноҳ дошт, ки падарам домони зани дигарро гирифт?
Ҳарчанд кӯшиш мекунам, ба ин саволи ҷонхарош ҷавоб намеёбам. Аслан, модари ман як зани биҳиштист, на касеро ғайбат мекунад ва на ягон бор садо баланд мекунад, ҳамеша бо сари хам аз пайи ташвишҳои зиндагӣ ва тарбияи мо, фарзандонаш овора буду ҳаст.
Модарҷонам дар ҳусну ҷамол низ беназир аст, ба чеҳраи зебояш нигариста бовари кас намеояд, ки ин зан соҳиби чанд фарзанд аст. Намедонам бо ин ҳама ҳусну малоҳат ва ақлу тамиз чаро худованд ин қадар тақдирашро шӯр офаридааст, ки падарам чунин олиҳаро гузошта домони як аҷузаро гирифту рафт. Гумон мекунам, ки пул ӯро маст кард.
Бале, бале пул!
Аз рӯзе, ки соҳиби мансабу вазифа гашт ва кисааш пулро дид, муносибати падарам бо модарам тағйир ёфтан гирифт.
Аввалҳо маъшуқабозӣ мекард, баъд дар болои модарам зани ҷавон гирифт. Намедонам ҳамсари ҷодугараш дили падарамро аз мо хунук кардааст ё ишқи пулу моли дунёӣ, ки дигар ёди мо, фарзандон ва ҳамсари поку ҳалолашро намекунад.
Модарам ба чеҳраи дар ҳасрати дидори падар мисли гули хор зардгаштаи мо нигариста хуни ҷигар мешавад. Азоби модарамро дида ман дар як рӯз сад бор мемураму зинда мешавам, аз ҳамин сабаб қарор додам, ки бо воситаи «Оила» дарди диламро ба падарам мегӯям. Аз ин минбари баланд ба ин марди бепарво, ки ба васвасаи зани дуюму давлату сарват дода шуда зану фарзандонашро кайҳо фаромӯш кардааст, гуфтаниям:
Падар, имрӯз ту дар сари мансаб ҳастӣ ва пулу мол аз сарат меборад. Хонаҳои боҳашаммату мошинҳои қимматбаҳоят чашми душманро мекафонад, вале мо, фарзандонат бо хорию зорӣ калон шуда истодаем. Аслан ба мо давлату сарватат не, худи ту, меҳру муҳаббати падаронаат даркор буд, вале ту инро фаҳмида натавонистӣ ё нахостӣ. Ёдат ҳаст, рӯзи моро партофта рафтанат гирён аз пасат давида тавалло намудем, ки баргард, вале ту ба рӯямон нимнигоҳе ҳам накардӣ. Сангдилона аз мо, духтаронат рӯ гардонда ба назди зане рафтӣ, ки бароят аллакай писар зоида буд. Зиндагӣ чархи гардон аст падар, шояд рӯзе ту бо гиряву тавалло ба дари мо меоӣ, вале…
Ҳайронам, он гоҳ чӣ тавр ба рӯйи ҳамсари фариштарӯйи ҷафодида ва гул барин духтараконат, ки замоне барои як зан шуда, онҳоро хору зор партофта рафтӣ, нигоҳ мекарда бошӣ?
Шукри худованд, замона сериву пурист, касе аз гуруснагӣ намурдааст, ки мо мурем, вале алами рафтори номардонаи ту моро бе корд мекушад, падар!
Мо духтаронат бар рағми ту намегузорем, ки ба пойи модарамон хоре халад ва ҳамеша дар бараш рост истода бо ҷону дил хизматашро ба ҷо меорем, аммо дидаю рӯйи ту мемонад.
Дониста бош, ки гуноҳи туро на худо мебахшад ва на бандагонаш!
Духтарат: ТОБОН