Sebiston new 2024 october
Падари хориҷӣ алимент медиҳад?
10.03.2024
ОИЛА
818

Аз як марди хориҷӣ писар таваллуд кардам, вале шавҳарам бо баҳонае ба Ватанаш рафту дигар барнагаршт. Писарам як моҳ пас дусола мешавад, аммо то ҳол аз падараш дарак нест. ЗАГС надорем, оё ман метавонам аз падари хориҷии фарзандам алимент ва манзил талаб намоям?

Посух

Мутобики талаботи моддаи 174 Кодекси оилаи ЧТ “Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар ва фарзандон, аз ҷумла ӯҳдадории падару модар дар бобати таъминоти фарзандон мутобиқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки дар он давлат иқоматгоҳи муштарак доранд. Дар сурати иқоматгоҳи муштарак надоштани падару модар ва фарзандон, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки кӯдак шаҳрванди он мебошад. Бо талаби даъвогар нисбати ӯҳдадориҳои алиментдиҳӣ ва дигар муносибатҳои байни падару модар ва фарзандон қонунҳои давлатеро истифода кардан мумкин аст, ки кӯдак дар қаламрави он истиқомати доимӣ дорад”.

Аммо мутобиқи талаботи моддаи 176 Кодекси Оила ТҶ “ Ҳангоми истифодаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷӣ суд ё мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар мақомот мундариҷаи ин меъёрҳоро мувофиқи тафсири расмии он, амалияи истифода ва доктринаи он дар давлати дахлдори хориҷӣ муқаррар менамоянд.

Ба мақсади муқаррар намудани мундариҷаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷӣ суд, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти дигар метавонанд тибқи тартиби муқарраршуда барои мусоидат ва тавзеҳ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти салоҳиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кунанд ё коршиносонро (экспертҳоро) ҷалб намоянд.

Зеро кӯдак падараш алҳол маълум набошад агар, сараввал дар асоси ин меъёрҳо падарии фарзандатонро бояд муқаррар кард, ва сипас алимент руёнид!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД