Formula novemver 2024
Падари бераҳм дастгир шуд
1335


Мард девонавор писарашро лату кӯб кард, баъд қошуқро дар плитаи гарм ҷӯш карда ба дастони писараш пай дар пай зер кардан гирифт. Кӯдак дигар тоқат накарда, худро аз ошёнаи дуюм ба замин партофт...

Ин ҳодисаи нохуш дар шаҳри Калинингради Россия рӯй дода, марди 33-солаи тоҷик барои муносибати бераҳмона нисбат ба фарзандаш аз ҷониби кормандони пулис дастгир шудааст.

Сабаби фарзандашро чунин бераҳмона ҷазо додани ин мард маълум нест, вале писарак, ки ҳамагӣ 12 сол доштааст, дигар ба азобу уқубати шадид тоб наоварда, худро аз ошёнаи дуюм ба замин партофтааст. Кӯдаки нимурён ва гирёнро раҳгузарон дар кӯча дида, ба пулис хабар додаанд. Писарак айни заомн дар беморхона таҳти табобат қарор дорад.

“Мард ба кӯдак озори ҷинсӣ расондааст: Ӯ ба тарафи кӯдак пулти телевизорро партофта, ба пушташ бо таноб (шнур ҳудуди 20 зарба задааст, ҳамчунин чумчаи хӯрокхӯриро дар плита гарм карда, ба рӯи дастонаш мондааст. Ин кӯдаки соли таваллудаш 2010 ба хотири наҷоти худ аз идомаи муҷозот худро азх қабати дуюми бино ба замин партофтааст. Ҳоло ӯ дар беморисоон аст. Падари кӯдак аз ҷониби кормандони пулис дастгир карда шуд ва ҳоло дар тавқифгоҳ (ИВС) қарор дорад”-навиштааст Бомдод.

Пулиси ноҳияи Маскави шаҳри Калининград нисбати ин шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон, ки дар Русия будубоши қонунӣ доштааст, бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятии Русия: моддаи 156 (иҷро накардани уҳдадории падар дар тарбияи фарзанд) ва қисми дуюми моддаи 115 (қасдан расондани осеби сабук ба саломатӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушодааст, вале маълум нест, ки ин марди тоҷик барои кадом гуноҳаш писарашро чунин бераҳмона ҷазо додааст...

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД